ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» ГАРДИД…

577

Тоҷикистон  бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид. Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ҷалби бештари донишҷӯён ба дарки моҳияти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани беҳтарин донандагони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, дарёфт ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманд буд.

Дар озмун намояндагони 18 муассисаи таҳсилоти олӣ ва беш аз 40 иштирокчӣ ҳузур доштанд. Озмун дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъбаст гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Ғуломзода Шаҳром Ғуломалӣ, донишҷӯйи курси 4-ум ва Иномов Амирҷон Шуҳратович, донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти роҳбарии Муродзода Умед – ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуда, Шаҳром соҳиби ҷойи аввал ва ғолиби озмун, Амирҷон сазовори ҷойи ифтихорӣ  ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Муваффақият муборак!