ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ ДАР “АМОНАТБОНК”

1361

Имрӯз (28.04.2021) бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (БДА ҶТ) “Амонатбонк” вохӯрии раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С. бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ва устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нахуст ҳайати устодон ва донишҷуёни донишгоҳ аз бахшҳои Департаменти хазинадорӣ ва Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ дидан намуда, мутахассисони Бонк аз рафти хизматрасониҳои бонкӣ ба донишҷӯён маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз Осорхонаи Бонк боздид ба амал оварда, оид ба дастовардҳои Бонк дар тули фаъолияти чандин солаи худ шинос гардиданд.

Сипас дар толори Бонк рунамоӣ оид ба таърихи Бонк баргузор гардида, дар он раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ С.С. оид ба хазинаҳои қарзӣ – амонатгузорӣ, таъсис гардидани бонк, мақоми давлатӣ гирифани он мухтасар ба донишҷӯён маълумот пешниҳод намуд.

Таъкид карда шуд, ки бонки «Амонатбонк» яке аз бонкҳои калонтарини Тоҷикистон буда, имрӯз филиал ва марказҳои хизматрасонии он дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқи кишвар, ба аҳолӣ хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниҳод менамояд. Бонк аз дастгоҳи марказӣ, 75 филиал ва 546 адад маркази хизматрасонии бонкӣ, ки дар онҳо зиёда аз 2900 нафар корманд фаъолият доранд, иборат аст.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оид ба таърихи донишгоҳ, самти тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногуни он ва мақому манзалати хосаи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ намуд.

Дар охири чорабинӣ аз ҷониби донишҷуёни донишгоҳ саволҳо оид ба фаъолияти бонкдорӣ пешниҳод карда шуда, аз ҷониби масъулин посухи мушахас гарифтанд.