ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ

6402

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Яке аз воситаҳои асосии рушди ҷомеа дар ҳама давру замон дониш ва илм ба ҳисоб меравад. Маҳз дониш тафовути ҷомеаро аз табиат бо тамоми ҷанбаҳояш инъикос менамояд. Дониш аст, ки маърифат дар ҷомеа бар хуруфоту ифрот ғолиб аст. Сарчашмаи сулҳу субот, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии шоиста ва эҳёи тамоми унсурҳои арзишманди ҷомеа танҳо дониш мебошад.

Миллати тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз аҳди бостон ба дониш ҳамчун силоҳи боэътимод ва механизми асосии рушди ҷомеа диққати махсус медод. Дар тамоми сатҳ ба донишу донишмандони замон эҳтироми хосса зоҳир мешуд. Ҳанӯз дар аҳди ҳукумати Ҳахоманишиёну Сосониён ҷиҳати дар руҳияи аз худ кардани илму дониш тарбия намудани насли наврас дабистонҳо кушода шуда буд, ки дар он беҳтарин мударрисон ба таълиму тарбия машғул буданд. Маҳз эҳтироми хосса ҷиҳати аз худ кардани дониш буд, ки беҳтарин шахсиятҳо дар ҷомеаи тоҷикон ба воя мерасиданд. Бузургони илму ирфони тоҷик дар хусуси аҳаммияти омӯзиши илму дониш аз аҳди қадим оид ба таълиму тарбия ва аҳаммияти мактаб дар осори худ таъкид намудаанд. Дар сарчашмаҳои муътамади таърихии ниёкони тоҷикон, махсусан китоби Авесто, “Форснома”-и ибни Балхӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Таърихи Табарӣ” оид ба ҷойгоҳи илму дониш дар ҷомеаи ниёкони тоҷикон маълумоти мушаххас мавҷуд аст.

Ҳанӯз дар асри IХ асосгузори адабиёти калассики тоҷику форс Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ чунин таъкид намуда буд, ки имрӯз вирди забони мову шумо аст:

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Зи дониш дили пир барно бувад.

Тоҷикон бо рисолати донишандӯзии худ дар тамоми самтҳо, махсусан аз худ кардани дониш барои халқҳои ҳамҷавор тули зиёда аз ҳазор сол нақши омӯзгориро иҷро намудаанд. Миллати тоҷик ҳеҷ вақт аз илму дониш канора нагирифт ва онро чун анъана барои хеш пазируфт.

Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки ин анъанаи неки ниёкон имрӯз идома дода шавад. Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маорифро дар сиёсати хеш афзалияти бештар додаанд. Танҳо дар даврони Истиқлоли давлатӣ зиёда аз садҳо муассисаҳои таълимӣ дар кишвар бунёд гардид. Аз 13 донишгоҳу донишкадаҳои замони шуравӣ имрӯз ин шумора ба 42 донишгоҳу донишкада расидааст, ки ин нишондиҳанда аз диққати махсус додан ба ин соҳа шаҳодат медиҳад.

Ҳамасола чун анъана 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар воқеъ, дониш ва сулҳ мантиқан пайвасти ногусастанӣ дошта, ба ҳам тавъаманд. Он ҷо, ки донишу маърифат аст, сулҳу суботи пойдор аст. Дониш инсонро ба роҳи сулҳу субот ва рушд даъват менамояд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Имрӯз дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази бузурги тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва иқтисоди кишвар нақши бориз дорад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ донишгоҳ ба муваффақиятҳои хеле назаррас ноил гардид. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо як тантанаи хосса аз ҷониби устодону кормандон ва донишҷӯён ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин Рӯзи мубораку фархунда ба тамоми устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва ҳамчунин ба кулли мардуми шарафманди Ватани азизамон маърифтаи баланду аҳдати комил ва зиндагии шоистаро таманно дорам.

Рӯзи дониш ва дарси сулҳ муборак бошад!