ДОНИШГОҲ ДАР САМТИ ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПЕШСАФ АСТ

233

Имрӯз (27.01.2023) дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, раиси Шуро, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба масъалаҳои гуногуни баррасигаштаи маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 24-уми январи соли 2023 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, суханронӣ намуд. Ҳамзамон, зимнан дар робита ба амалӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» андешаронӣ намуда, дар самти татбиқи сиёсати маорифпарварона ва ободкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ба садорати факултетҳо ва роҳбарони сохторҳои зертобеъи донишгоҳ дастурҳои мушаххас дод.

Зимнан таъкид гардид, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагириҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли ҷорӣ муайян карда шуданд. «Аз ҳар яки мо дар самти татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва дар амал ҷорӣ намудани нуктаҳои Паёми навбатии Президенти кишвар масъулияти баландро талаб менамояд»- таъкид шуд дар ҷаласа.