ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ. АМАЛИ ХАЙР ДАР АРАФАИ ИДИ РАМАЗОН

507

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти кумак намудан ба оилаҳои эҳтиёҷманд раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайваста бо масъулияти баланд дар остонаи ҳар як ҷашну маросим дар ин самт саховату мурувват нишон медиҳад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд: яке аз амалҳои инсондӯстӣ кумак ба бепарасторону ятимон ва ашхоси эҳтиёҷманд ба шумор меравад.

Дар партави ин дастур имрӯз (28.04.2022) бо ташаббус ва иқдоми хайрхоҳонаи ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба 34 оилаи устодону кормандони донишгоҳ, ки давоми ду соли охир аз бемориҳои гуногун, аз ҷумла бемории ҳамагир – КОВИД-19 фавтиданд, кумакҳои хайриявӣ ва шириниҳои идона (орд, равғон, биринҷ, шакар, шакалад…) ҳадя гардид. Зимни супоридани кумакҳои хайриявӣ эҳсос шуд, ки хонаводаи оилаҳои фавтида аз иқдоми роҳбарияти донишгоҳ хушнуд гардида, амали мазкурро арзишҳои баланди инсонпарварона арзёбӣ намуданд.