ДУРАХШОНТАРИН РӮЗИ ТАЪРИХӢ МУБОРАК!

258

Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.

16-уми ноябр аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихӣ барои миллати тоҷик мебошад. Маҳз дар ин рӯз бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадааст, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир дорад. Чунончи дар ин рӯз Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Воқеан, Иҷлосия дар таърихи кишвари соҳибистиқлоламон бузургтарин рӯйдоди сиёсӣ буда, дар таърих мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Бо ин Иҷлосия дар таърихи навини халқи тоҷик марҳилаи нави давлатсозӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз ёфт, ки то имрӯз идома меёбад. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони истиқлолият бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд, ки дар сарчашмаи он ҳама дастовардҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.

Мо хуб медонем, ки пас аз Иҷлосияи тақдирсоз ва интихоби Пешвои миллат ба ҳайси Роҳбари давлат Тоҷикистони азизи мо рӯ ба тараққӣ ниҳод ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар, аз ҷумла соҳаи илму маориф ба корномаи Президенти кишвар пайвастагӣ дорад.

Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президент ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат шахси таърихӣ ва сарсупурдаи миллати тоҷик аст, ки дар зарфи 31- соли истиқлолияти давлатӣ тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлатӣ воҳид муттаҳид кард ва дар арсаи ҷаҳон тоҷиконро бо он ҳама расму анъанаҳои сунатии қадима муаррифӣ кард.

Устодон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Зеро дар ин рӯз дар тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ сухан аз корномаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.

Бояд зикр намуд, ки имрӯз мардуми шарафманти тоҷик бо Президенти маҳбуби худ ифтихормандона, бо сари баланду азми қавӣ, дасту дили пок ва рӯҳи шикастнопазир ба сӯии фардои дурахшон, ободию шукуфоии Тоҷикистон қадамҳои устуворонаро ба пеш гузошта истодааст.

Ҳамватанони арҷманд!

Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир бо донишу малакаи баланд сина сипар созем.

Бори дигар солгардии Рӯзи Президент – 16-уми ноябр ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихӣ муборак!