ФАКУЛТЕТ БОЯД НАМУНА ВА ПЕШСАФ БОШАД

332

Донистани забонҳои хориҷӣ роҳи моро барои расидан ба комёбиву муваффақиятҳо кушода месозад. Забондонӣ шарти асосии ҷаҳондонӣ ва ҷаҳонишавӣ аст. Зарурати дигари омӯзиши забонҳои хориҷӣ муаррифӣ кардани кишвар дар арсаи байналмилалист. Фарҳангу адабиёт, таъриху санъат, расму оин ва анъанаҳои миллии мо то ҳанӯз дурдонаҳои маънавии дастнорас ва ё камёб барои ҷаҳониён маҳсуб меёбанд, ки ҷавонон барои ҳарчи бештар муаррифӣ намудани он масъулияти баланд бар дӯш доранд. Ҷавонон танҳо дар сурате ба таври комилу шоиста давлати худро муаррифӣ карда метавонанд, ки донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд.

Ин масъала имрӯз (24.02.2023) зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар миёни дигар факултетҳо намуна ва пешоҳанг бошад. Зеро бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар миёни ҷавонони кишвар дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. То ин ки муҳассилини ҳамаи соҳаҳо барои ба дараҷаи баланди тахассусӣ расидан ва пайвастан ба ҷаҳони муосир забонҳои хориҷиро аз худ намоянд. Ягона воситае, ки давлатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояду фарҳанг, забон, маданият ва расму русуми тоҷикро ҳифз мекунад, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба устодони факултет дар самти дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории садорат ва кафедраҳо, ташкили бойгонӣ дар назди факултет, нашри китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, дифои рисолаҳои илмӣ, истифодаи синфхонаҳои электронӣ, омода намудани кадрҳои донишманд ва беҳтар гардонидани сатҳи забондонии ҷавонон-донишҷӯён, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию омавӣ, баргузории ҳамоишҳои сатҳи гуногун дастурҳои мушаххас доданд. Таъкид шуд, ки дар донишгоҳ барои устодон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва раёсати донишгоҳ омодааст, ки дар ҳама самт омӯзгоронро дастгирӣ намояд. Ёдрас мешавем, ки вохӯрии мазкур дар доираи нақшаи баргузории силсисавохӯриҳои роҳбарияти донишгоҳ бо сохторҳои мухталифи он доир гардид.