ФИРОРИ МАҒЗҲО, ГАРДИШИ АҚЛҲО Ё КУЧИШИ ЗЕҲНҲО

207

Дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон марказҳои илмию таълимӣ фаъолият мекунанд, ки яке аз онҳо Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди факултети муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Марказ дар тулии фаъолияти худ ба дастовардҳои бузурги илмӣ шарафёб шудааст. Яке аз дастовардҳои он китоби тозанашри илмӣ таҳти унвони «Миграции в Централной Азии и России: мобильность человеческого капитала» мебошад.

Бояд қайд намуд, ки соли 2019 дар пояи Донишгоҳи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии “Муколамаи тамаддунҳо”(DOC) –и муқими ш. Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо дастгирии Бунёди “Фолкс Вагени” (ҶФО) дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Тағйири падидаи “фирори мағзҳо” ба “гардиши ақлҳо” дар Осиёи Марказӣ” (International Symposium on “Turning Brain Drain into Brain Circulation in Central Asia”) баргузор гардида буд.

Дар доираи нақшаи таҳияшуда ва дастгирии Бунёди “Фолкс Вагени” (ҶФО) дар шаҳри Душанбе 19 мақолаи олимони соҳаҳои гуногун интихоб ва бо забони англисӣ тарҷума гардида, моҳи ноябри соли 2020 дар нашриёти «Нова» (Nova science publishers), ки яке аз маъруфтарин нашриёти шаҳри Ню-Йорки Амрико ба ҳисоб меравад, бо унвони «Фирори мағзҳо хилофи гардиши ақлҳо (Осиёи Марказӣ)» (Brain drain vs Brain circulation (central Asia)) чоп шуд.

Профессор М.А.Олимов – роҳбари Маркази таҳқиқоти минтақавӣ ва муқоисавии назди донишгоҳ, устоди факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва яке аз иштирокчиёни фаъол ва ҳамоҳангсози лоиҳаи Симпозуми мазкур зимни рӯнамоии китоби «Миграции в Централной Азии и России: мобильность человеческого капитала» иттилоъ дод, ки тибқи дархости иштирокчиёни Симпозими мазкур шумораи мақолаҳо зиёд ва бо талаботи китобхонаҳои байналмилалии илмӣ-электоронӣ ҷавобгӯ гардонида шуда, чанде пеш бо забони русӣ: «Миграции в Централной Азии и России: мобильность человеческого капитала» дар Тоҷикистон нашр ва пешкаши муҳақққону толибилмон гардонида шуд. Таъкид шуд, ки китоб фарогири мавзуъҳои мубрами рӯз буда, бевосита ба масъалаҳои муҳоҷират, фирори мағзҳо ва мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Маҷмӯаи нашршуда мавзӯи рӯз ва дастури хуби илмӣ барои муҳаққиқону коршиносони соҳаҳои гуногун мебошад.