ФОРУМ: МАЪРИФАТНОК НАМУДАНИ ҶАВОНДУХТАРОН

831

Имрӯз (03.03.2021) бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии занону ҷавондухтарон–омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.

Дар кори форум роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва занону духтарони фаъол иштирок намуданд.

Дар нишаст нахуст муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷамила Мирзо суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону духтарон ва дастгирии онҳо диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ҳар мулоқот ва суханрониҳояшон мавқеи занону духтарон ва нақши созандаи онҳоро дар ҷомеа махсус таъкид менамоянд. Сипас Аҳмадзода Дилноза Даврон – муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманд, беҳтар намудани донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсии занон ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, дар ин замина Ҳасанзода Шаҳло – муовини раиси шаҳри Норак, Қосимзода Моҳтоб – муовини раиси ноҳияи Варзоб, Қосимзода Насиба – муовини раиси ноҳияи Лахш суханронӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат, ҷалб намудани занону духтарон ба чорабиниҳои давлатию ҷамъиятӣ, барои ба ҳаёти мустақилона омода намудану дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, дар шуури онҳо бедор кардани фарҳанги оиладорӣ, риояи талаботи қонунҳои миллии амалкунандаи ҷумҳурӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва ғайра баромад намуданд.