Имрӯз (12.05.2026) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба рӯзи забони фаронсавӣ ва дар доираи ҳафтаи «Франкофонӣ» чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Фаронса аз ҷумлаи аввалин кишварҳои аврупоӣ мебошад, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соли 1992 ба расмият шинохтааст. Аз ҳамон давра муносибатҳои дипломатӣ ва фарҳангии миёни ду кишвар ба роҳ монда шуда, то имрӯз пайваста рушду тавсеа меёбанд.
Дар чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинол иштирок ва суханронӣ намуданд.
Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш. зимни суханронӣ зикр кард, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса гузаронида мешавад. Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабинӣ такмил додани омӯзиши забони фаронсавӣ, ҳамзамон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст мебошад ва роҳандозии чунин маҳфилҳо ҷиҳати густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд.
Дар навбати худ, хонум Элза Пинол ба сатҳи баланди омодагии донишҷӯён ва пазироии гарму самимии роҳбарияти Донишгоҳ ва факултет баҳои баланд дода, аз тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо изҳори хушбинӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин гардониданд. Иштирокчиён инчунин пораҳо аз ҳикояву романҳои адибони фаронсавӣ ва шеърҳо аз осори бузургони адабиёти Фаронсаро бо маҳорати баланд қироат намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ устодону донишҷӯёне, ки дар баргузории маҳфил саҳми фаъолона доштанд, аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.








