Хушвахтзода Қ.Х.: МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДУ ДОНИШИ ФАРОВОН ОМИЛИ ПЕШРАВИИ КОР МЕГАРДАД

229

Дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иқдоми навбатӣ – хониши сиёсӣ дар донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Хониши навбатӣ бо иштироки ректори донишгоҳ ва роҳбарону корманодни сохторҳои гуногуни донишгоҳ сурат гирифт.

Дар нишаст таъкид шуд, ки ибтикори мазкур вобаста ба иҷрои нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ дар самти татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва дар самти татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” роҳандозӣ шудааст.

Зимнан Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлати моро аз ин ҳам ободу зебо мегардонанд. Нишонаҳо ва рукнҳои пойдорӣ, пешрафт ва шукуфоии давлату миллат ва муаррифгари он дар арсаи байналмилалӣ аз Истиқлоли давлатӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ замина гирифта, давлату миллатро ҷовидон нигоҳ медоранд.

Дар идома ректори донишгоҳ таъкид дошт, ки тазоду танишҳои замони охир аз ҷавонон ва умуман кормандон зиракии баланди сиёсӣ ва донишҳои амиқу навтарини замонро талаб мекунад, то дар баробари тамаддунҳои хориҷӣ аз маданияту фарҳанги миллати хеш, чун меросбарони он ҳифз намуда, дар роҳи муаррифии он дар саросари сайёра муваффақона қадам гузоранд.

Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси худшиносӣ, Ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонию пешрафти донишгоҳ суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки масъулияти баланду дониши фаровон дар касбукор боиси пешрафти тамоми самтҳо ва дар маҷмуъ дастовардҳои нав ба нави кишвари азизамон – Тоҷикистон мегардад.

Ёдрас мешавем, ки минбаъд низ чунин хонишҳо миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки олимони соҳаҳои мухталиф гузаронида мешавад.