ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА ВА АМАЛИ ИНСОНДӮСТОНА

390

Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ятимону маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд имрӯз (23.05.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тантанавии фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сарвари давлат аз ибтидо пуштибон, ғамхори маъюбону ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъминоти онҳо иқдомҳои хайрхоҳонаро амалӣ менамоянд.

Вобаста ба ин, раёсати донишгоҳ амалисозии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати дастгирии маъюбон ва ятимону бепарасторон сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, имрӯз ба зиёда аз 50 нафар таълимгирандагони Иттиҳодияи нобиноён кумакпулӣ супориданд.

Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ бо иштироки роҳбалади Иттиҳодияи нобиноёни Тоҷикистон Иброҳим Исмоилзод пешкаши тамошобинон гардонида шуд.