Тибқи нақша-чорбиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи милли Тоҷикистон бо иштироки Мирзозода Иброҳим – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Хушвахтзода Қобилҷон – Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қурбонова Руқия – Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, Низом Қосим – Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Каримзода Нилуфар – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуда, дар мавриди аҳамияти таърихии Иҷлосияи мазкур сухан карда, онро нахустин қадам дар роҳи давлатсозии миллӣ ном бурд.
Сипас, Мирзозода Иброҳим – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар суханронии худ қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксуламале алайҳи зӯроварии дохилӣ ва фитнаи хориҷӣ буда, вокунише дар муқобили андешаҳои таҳмилии аз кишварҳои исломӣ ба мо боргардида маҳсуб меёфт ва аз ҳама асосӣ сароғози марҳилаи нави ихтиёрдории қудрат дар таҳия ва роҳандозӣ шудани низоми сиёсии новобаста ва мустақил дар ҳудуди кишварамон арзёбӣ мешуд. Бинобар ин, аз хориҷи мамлакат бар мо ҷангро таҳмил намуданд, ки даҳсолаҳо давлати миллии тоҷиконро аз рушди ҳамаҷониба боздошт ва хисороти азиме ба бор овард, аммо бо ибтикор ва кӯшишҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои рафъи муноқишаҳо ва бозоварии фирориён аз марзи кишварҳои ҳамсоя татбиқ гардида, якпорчагии давлат ва масъалаи ҳастиву нестии миллати тоҷик бо натиҷаи мусбат ҳал гардид. Аз ин хотир, нақши Иҷлосияи мазкур дар сарнавишти давлату миллати тоҷик аҳамияти таърихӣ дошта, дар дирӯзу имрӯзи мамлакатамон армуғони ҳасткунанда маҳсуб мешавад. Ҷомеашиносон бояд ин рӯйдоди таърихиро ҳаматарафа омӯхта, мавриди пажӯҳиши саҳеҳ қарор диҳанд, чунки чунин ҳодисаҳо барои ҳар миллате дарси ибрат аст.
Хушвахтзода Қобилҷон – Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суханронии хеш қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ мавқеи Сарвари давлатро нисбат ба ояндаи кишвар маълум гардонид ва аз он вақт то кунун ҳадафҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди давлати миллӣ мебошад.
Қурбонова Руқия – Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ зимни баёни андеша ҷиҳати баррасии мавзӯъ исрор намуд, ки роҳҳои муаррифӣ сохтани Иҷлосия чун мактаби сиёсии давлатдории миллӣ ба роҳ монда шавад.
Баъдан, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим нақши калидии Иҷлосияро тараннум карда, иқрор намуд, ки воқеан, ин ҷаласаи таърихӣ тақдирсоз буд ва алъон ҳеҷ кас шакку шубҳа надорад, ки Иҷлосия ба мо, тоҷикон давлати миллиро ато намудааст.
Иштирокчиёни мазкур бо маърӯзаҳои илмӣ дар мизи мудаввар баромад карданд. Бегумон маърӯзачиён мавзӯро бо дарназардошти қонуни асосии илм, яъне таҳқиқу пажӯҳиш мавриди баррасӣ қарор доданд ва андешаи ин ки Иҷлосия дар ояндаи наздик ба мактаби омӯзишии таҷрибаи сиёсӣ дар шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор бигирад, ҳамовозӣ ёфт.