Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъала ба сифати самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди устувори иқти-содӣ арзёбӣ гардидаанд. Инҳо: 1) баромадани ҷумҳурӣ аз бунбас-ти ком-муникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ; 2) таъмини амнияти озуқаворӣ ва худтаъминкунии озуқа; 3) истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ; ва 4) саноатикунонии босуръати кишвар мебошанд. Албатта дар ин самтҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баъзе аз комёбиҳо муваффақ гардидааст. Вале, новобаста аз дастовардҳои аниқу дақиқ ҳалли ин муаммоҳо дар даҳсо-лаҳои наздик ҳамчун самтҳо ва ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллии мамлакат боқӣ мемонанд.
Аз ин нуқтаи назар саволе ба миён меояд, ки чаро Ҳукумати ҷум-ҳурӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат маҳз ба ин чор масъалаи ҳамзамон мубрами рӯз таваҷҷуҳи бештар намудааст? Ин чор масъала ба он хотир ҳамчун масъалаҳои аввалиндараҷа ар-зёбӣ гардида-анд, ки аввалан, ин масъалаҳо ба якдигар алоқаи зич до-шта, ҳалли як масъаларо бе масъалаи дигар тассавур карда ниҳоят мушкил аст. Маса-лан, норасии захираҳои обӣ, бахусус, обҳои нӯшокӣ яке аз муаммоҳои асосии нарасидани маводи ғизоӣ ба ҳисоб меравад, зеро чӣ тавре дар урфият мегӯянд, «бе об ҳаёт нест». Ё ин ки сари вақт бо қувваи барқ таъмин набудани аҳолӣ ва корхонаҳо ба ис-теҳсоли дилхоҳ маҳсулот, аз он ҷумла маҳсулотҳои озуқаворӣ ва рушди саноатикунонӣ таъсири манфии худро мерасонад. Албатта, набудани роҳҳои ба талаботи стандарти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷавоб-гӯ низ метавонад ба интиқоли молу маҳсулотҳои ниёзи аввалиндраҷа низ таъсири манфии худро расонад. Дуюм, ин ки бе ҳалли ин масъалаҳо вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро баланд бардоштан ғайримкон аст, зеро сухан сари масъалаи зиндагӣ ва рӯзгузаронии аҳолии ҷумҳурӣ меравад, ки ин масъалаҳо бояд ҳамчун масъалаи муҳимтарин ва калидӣ дар зинаи аввал арзёбӣ гардад.
Акнун шарҳи ҳар як ин ҳадафҳоро ба таври мушаххас мавриди таҳлил қарор медиҳем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баромадан аз бунбасти ком-муникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ бо кишвари транзитӣ ба баъзе аз комёбиҳои назаррас муваффақ гардидааст. Ин дар сохтану ба ис-тифода додани роҳҳои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, сохтмони нақбҳо, пулҳо ва дигар низоми инфрасохторӣ мебошад, ки дар солҳои охир баръалло ба чашм мерасад. Дар шароити ҷумҳурии мо, ки 93 фоизи қаламрави он аз куҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд.
Аз ин ҷост, ки дар суханронӣ ва дастуру супоришҳои Президен-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди инфрасохтори коммуникатсионӣ таъкиду ишораҳо шудааст. Аз он ҷумла қайд мегардад, ки «…барои аз бунбасти коммуникатсионӣ ба-ровардани Тоҷикистон сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ме-бошад».
Танҳо таи 30 соли Истиқлолият аз ҳисоби сармоягузориҳои хори-ҷӣ, зиёда аз 50 лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ татбиқ шудааст, ки роҳҳои автомобилгард, пулҳои байналмилалии байни Тоҷикистону Афғонистон, дар мавзеъҳои Тем, Рӯзвай, Ишкошим, Панҷи Поён, Ванҷ, Шӯрообод, нақбҳои «Истиқлол», Озодӣ», «Шаҳристон», «Дӯстӣ» ва «Хатлон», азнавсозии таҷҳизотҳои фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд ва ғайраро дарбар мегирад.
Дар самти истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, қайд карданӣ ҳастам, ки истифо-даи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, сол то сол ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал табдил ёфта, метавонад дар пешрафти иқтисодиёти кишварҳои минтақа нақши бузурге дошта бошад. Таваҷ-ҷуҳи ҷомеаи ҷaҳониро ба муҳим будани ин масъала ҷалб намуда, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ-мон чунин қайд мекунад: «… cол то сол дар кураи Замин ҳаҷми обҳои ошомиданӣ коҳиш меёбад, хавфи ба амал омадани «буҳронҳои об» воқеӣ мегардад… Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии oб на камтар аз арзишмандии нафт, газ, ангиштсанг ва дигар навъҳои сӯзишворию ман-баъҳои энергия барои рушди устувори кишвар ва минтақа мебошад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ баъди Ҷумҳурии Чин, Федератсияи Россия, Амрико, Бразилия, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои 8-ум меистад ва иқтидорҳои истеҳсолии гидроэнергетикӣ, тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд кВт-соат арзёбӣ мегардад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси ИДМ баъд аз Федерасияи Россия дар ҷои 2-юм, дар Осиёи Мар-казӣ дар ҷои аввал буда, 70 % захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Мар-казӣ ба ҳудуди он рост меояд, ки дар шароити ҳозира қариб 4 %-и он истифода мешавад. Аз ин ҷост, ки дар нишастҳои байналмилалӣ Пешвои миллат бо иқдомҳои наҷиби худ баромад намуда, диққати иштирокчиёнро ба масъ-алаҳои ҳифзи захираҳои об ҷалб намудаанд.
Аз ин ҷост, ки дар солҳои охир як қатор чорабиниҳои сиёсие, ки вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ қабул шудаанд, метавон ёдрас гардид. Аз он ҷумла эълон гардидани «Соли 2003 соли байналмилалии оби тоза», давраи солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии фаъолияти «Об барои ҳаёт», соли 2008 эълон гардидани «Соли байналмилалии санитария» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”.
Дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ қайд карданӣ ҳастам, ки дар шароити имрӯза ҳалли ин масъала яке аз муаммоҳои на танҳо локалӣ (яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа), балки яке масъалаҳои глобалӣ (байналмилалӣ) ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои омории ҷаҳонӣ, имрӯзҳо аз 7,8 млрд. аҳолии дар кураи замин умр ба сар баранда, зиёда аз 800 миллион ода-мон дар ҳолати гуруснагии доимӣ қарор доранд. Ин дар ҳолате мебошад, ки шумораи аҳолии рӯйи замин 7,8 млрд.-ро ташкил дода, дар ҳолати афзоиши аҳолӣ ба 10 млрд. (яъне то соли 2050), нишондиҳандаи одамоне, ки дар ҳолати гуруснагии доимӣ қарор доранд, метавонад ба зиёда аз 1 млрд. афзоиш ёбад. Агар бар замми ин муаммои зиёд гарди-дани шумораи гурезагон аз давлатҳои Араб (ба мисоли Ливия, Мисри қадим, Ироқ, Яман, Сурия)-ро ба давлатҳои Аврупо (Венгрия, Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ғ.) дар натиҷаи нооромиҳои сиёсии ин киш-варҳо, ҳамзамон, таъсири ногувори пандемия (COVID-19) дар ду соли охир ва зиёд гардидани шумораи гуруснагон таҳлил карда бароем, пас худ тасаввур намоед, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа дар оянда то кадом дараҷа мураккаб боқӣ мемонад.
Ин ҳолат бори дигар моро водор месозад, ки захираи озуқавории худро аққалан барои 2-сол дошта бошем ва дар лаҳзаҳои зарурӣ бо-эҳтиёт ва сарфакорона аз онҳо истифода барем. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллат дар вохурӣ бо намояндагон ва фаъолони вилояти Хатлон дар шаҳри Данғара аз 30-юми майи соли 2020 баромад намуда, таъмини амнияти озуқавориро дар қатори масъалаҳои тағйирёбии иқлим, исти-фодаи самараноки захираҳои замини тайиноти кишоварзӣ дошта ва паҳн гардидани бемории ҷаҳонии коронавирус (CОVID-19) яке аз масъалаҳои муҳим ва стратегии рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуд. Мо низ чунин мешуморем, ки новобаста аз дастовардҳои аниқу дақиқ дар роҳи таъ-мини амнияти озуқаворӣ, ҳалли ин масъала дар солҳои оянда низ ҳамчун самтҳои ояндадор ва стратегии рушди иқтисодии миллии кишвари мо боқӣ мемонад.
Оиди саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми рушди устувори иқтисодӣ муаррифӣ гардидааст, қайд карданӣ ҳастам, ки Пеш-вои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам -Эмомалӣ Раҳ-мон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намудаанд.
Аз сабаби оне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ аст ва зиёда аз 70 %-аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад, дар чунин шароит имко-ниятҳои зиёде мавҷуд ҳастанд, ки маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда бо назардошти ташкили корхонаҳои агросаноатӣ дар дохили ҷумҳурӣ коркард ва ба маҳсулоти тайёри саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатнок табдил дода шавад. Ин омил метавонад дар самти гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ-аг¬рарӣ нақши калидии худро иҷро намояд.
Соҳаи саноати ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 90 самти истеҳсолотро муар-рифӣ менамояд, асосан ба соҳаи истихроҷи ашёи хоми маъданию ғайри-маъданӣ ва соҳаи коркарди маҳсулоти саноатӣ, маҳсулоти нимтайёр ва маҳсулоти кишоварзӣ равона гардидааст.
Таҳлил ва тамоюли нишондиҳандаҳои оморӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 4,1 млрд сомонии соли 2000 дар соли 2020 ба 30,8 млрд сомонӣ (яъне 7,5 баробар) афзудааст. Ҳиссаи саноат дар давраи таҳлилшаванда дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохи-лӣ то ба 17 % расидааст. Масалан, таҳлилҳои иқтисодӣ собит намуданд, ки танҳо дар ҳолати коркарди нахи пахта дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ то маҳсулоти тайёр (матоъ ва либосворӣ), даромади соф аз ҳар як гектари пахта нисбат ба даромад аз фурӯши нахи пахта ҳамчун ашёи хом ба хориҷи кишвар зиёда аз 10 маротиба афзун мегардад.
Таҳлили нишондиҳандаҳои омории ҷумҳурӣ гувоҳӣ он аст, ки тавозуни савдо ва содироти соф таи солҳои таҳлилшаванда манфӣ буда, барзиёдии воридот нисбат ба содирот зиёда аз 2 млрд долларро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, рақаму далелҳои ояндабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳолати саноатикунонии босуръати кишвар тамоюли зиёдшавии ҳаҷми содирот рӯ ба афзоиш ёфта, то соли 2030 метавонад то қариб ба 2,5 млрд. доллари амрикоӣ расад ва нишондиҳандаи воридот аз 3,2 млрд. то 2,9 млрд. доллари амрикоӣ коҳиш дода шавад. Зиёдшавии нишонди-ҳандаҳои содирот дар муқоиса нисбат ба воридот аз ҳисоби афзун наму-дани маҳсулотҳои содиротии ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ба чашм мерасад, ки маҳз бо омили саноатикунонӣ вобаста мебошад.
Сафари ҳафтаи гузаштаи Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои алоҳидаи вилояти Суғд, кушода ва мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо корхонаҳои саноатӣ аз зина ба зина амалӣ гардидани ҳадафи 4-ум, яъне саноатикунонии босуръат гувоҳӣ медиҳад. Дар назар дошта мешавад, ки ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои алоҳи-даи кишварамон зимни сафари кории Пешвои миллат низ идома хоҳад ёфт. Дар маҷмуъ, нишондиҳандаҳои ояндабинӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 22 фоиз расонида мешавад, ки бо амалисозии ҳадафи 4-уми стратегии рушди иқтисоди миллӣ сахт вобаста мебошад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ яке аз бонуфузтарин дониш-гоҳи ҷумҳурӣ баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳиссагузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар асоси иқтидорҳои кадрӣ, илмӣ ва таълимии мавҷудбуда ихтисоси «Логистика»-ро дар пояи кафедраи «Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ»-и факултети иқтисод ва идора ташкил намуд, ки қабули довталабони аз соли гузашта, яъне соли 2019 инҷониб идома дорад. Ҳамзамон, аз соли гузашта сар карда дар пояи кафедраи «Иқтисоди миллӣ ва бехатари иқтисодӣ”-и факултети иқтисод ва идора ихтисоси вобаста ба иқтисоди бозорӣ ҷавобгӯ ба монанди “иқтисоди сабз” таъсис дода шуда ба қабули довталабон оғоз намудааст. Аз соли ҷорӣ (яъне аз соли 2021) сар карда дар пояи факултети иқтисод ва идора ихтисосҳои муосиру замонавӣ ба монанди “иқтисоди минтақа” ва “идоракунии давлатӣ” кушода шуда, қабули довталабон айни ҳол идома дорад.
Ҳамин тавр, далелу рақамҳои дар боло овардашударо таҳлил наму-да ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки новобаста аз баъзе муаммоҳои ҷойдошта, таи 30 соли истиқлолият дар натиҷаи амалигардони ҳадафҳои рушди устувори иқтисодӣ, дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба даст омадаанд. Аз ин ҷост, ки мехостам, фикру анде-шаҳои худро бо гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонам, ки он чунин аст: «…бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад. Пешрафти ояндаи Тоҷикис-тон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақо-бати маҳсулоти ватанӣ бисёр ҳам муҳим ва рӯзмарра мебошад…».
Дар партави гуфтаҳои Пешвои миллат илова карданӣ ҳастем, ки он рӯз дур нест, ки маҳз такя бо амалисозии ҳадафҳои рушди устувор, ҷумҳурии мо метавонад, аз кишвари содиротии ашёи хом ба яке аз киш-вари содироти маҳсулотҳои тайёри ба талаботҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва рақобатнок табдил дода шавад.
Ҳ.Р. Исайнов, д.и.и., профессор, декани
факултети иқтисод ва идора