ИБТИДОИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

40

Имрӯз (18.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси факултети фарматсевтии  ДМТ бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ибтидои таърихи навини тоҷикон» мизи мудавар баргузор гардид.

Мизи мудавар бо сухани ифтитоҳии декани факултети фарматсевтӣ н.и.б., дотсент Раҷабзода Фариддуни Кишвар оғоз гардида, гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва замини воқеӣ ба вуҷуд овард.

Сипас мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилоти донишгоҳ н.и.ҳ, дотсент Шарифзода Саъдӣ вобаста ба “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихи Иҷлосияи XVI Шурои Олии дар рушди инкишофи низоми ҳуқуқӣ-иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол”, баромад намуд.

Ҳамзамон, н.и.т. дотсент Ҷамолиддин Шарифов доир ба “Анҷумани мондагор ва роҳбари ояндасоз” суханронӣ намуда, зикр кард, ки баробари ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб гардидан Эмомалӣ Раҳмон баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон аз вартаи ҳалокат бо шуҷоату далерӣ ва матонати беҳамто ба вазъи ногувор ва таҳдиди душманони дохиливу хориҷӣ нигоҳ накарда, ҷиҳати ба вуҷуд овардани боварӣ ва сулҳу субот талошҳои зиёд ба харҷ доданд.

Дар ҳамоиш, инчунин, ассистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология Файзиева Меҳрофарин оид ба “Иҷлосияи XVI тақдирсоз” ва асистенти кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология Шоира Шуҳратова дар бораи “Аҳамияти Иҷлосияи XVI дар таъри Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.