ИДИ САОДАТУ ШАРАФМАНДӢ МУБОРАК!

261

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар самти ҳифзи рамзҳои давлатӣ, арзишҳои миллию давлатӣ ва пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсаф аст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати тарбияи ҷавонони ватандӯст бештар эҳсос мешавад. Маҳз дар замони Истиқлолия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзу эҳтироми рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ гузаронида мешавад, ки ҳамагӣ барои тарбияи наврасону ҷавонони мо заруранд. Баргузории ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатии имрӯза гувоҳи гуфтаҳои болост.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони гиромӣ!

Таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон, таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба Ватани соҳибихтиёру обод то абад парафшон бошад.

Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурсамарро таманно дорам.

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак!