ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЙЁҲӢ ДАР ДОНИШГОҲ

267

Сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксари кишварҳое, ки дорои иқтидорҳои сайёҳӣ мебошанд ва ташкилу ташаккули фаъолияти сайёҳиро дуруст ба роҳ мондаанд, дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мавқеи худро ишғол намудаанд.

Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони ба талаботи муосири бозори сайёҳӣ ҷавобгӯ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар пешрафти соҳа мутахассисон нақши калидиро иҷро менамояд. Дар ин самт роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ пайваста тадбирҳои муҳиммеро роҳандозӣ менамояд, то ин ки мутахассисони соҳибкасб ба воя расанд.

Имрӯз (22.02.2023) бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибкасби миллӣ дар риштаи сайёҳӣ бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. ва ибтикори садорати факултети молиявию иқтисодӣ, профессор Иброҳимзода И.Р. дар пояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ Маркази сайёҳӣ ифтитоҳ гардид.

Дар маркази мазкур имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардида, дастовардҳои устодону донишҷӯёни ихтисоси мазкур ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шудааст. Дар баробари ин дар марказ корҳои илмӣ, тадқиқотӣ, озмоишӣ, баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан гуфта шуд, ки дар ташаккул ва рушди сайёҳӣ нақши мутахассисони соҳибкасби миллӣ муҳим мебошад. Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад, иқтисодиёти давлатҳо омезиш меёбад, сайёҳӣ ба яке аз самтҳои муҳимми иқтисоди миллии аксар кишварҳо табдил ёфта истодааст. Гузашта аз ин, вобаста ба пешрафти иқтисодӣ ва афзоиш ёфтани дараҷаи даромаднокии аҳолии кишварҳои минтақаҳои Аврупо, Амрико, Осиёи Шарқӣ ва соҳили уқёнуси Ором, шумораи сафарҳои сайёҳӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Бинобар ин, кишварҳое, ки дорои захираҳои беназири сайёҳӣ-рекреатсионӣ мебошанд, дар сурати ташкили дурусти инфрасохтор ва саноати сайёҳӣ, метавонанд дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мақоми муайянеро ишғол намоянд.