ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ШОҲМОТ

103

Соате пеш дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” оғоз ёфт.

Дар ифтитоҳи мусобиқа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонону иштирокчиёни мусобиқаро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки мусобиқаи мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст. Гуфта шуд, ки Пешвои миллат зимни суханронии хеш дар Рӯзи дониш (дар ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ) таъкид намуданд, ки «Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар синфҳои равияи дақиқу табиатшиносӣ дарси шоҳмотро ҷорӣ карда, … дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ маҳфилҳои гуногуни эҷодиёти техникиву бадеӣ, санъати амаливу ороишӣ, варзишӣ, шоҳмотбозӣ, сайёҳиву кишваршиносӣ, биологиву экологӣ, гуманитарӣ ва монанди инҳоро ба роҳ монем».

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи шоҳмот ҳамчун намуди ҷолиби варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва баланд бардоштани маҳорати касбии шоҳмотбозон ҳамасола 20-июн ҳамчун рӯзи байналмилалии шоҳмот ҷашн гирифта шуда, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад.

Намояндаи Федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе, довари дараҷаи байналмилалӣ Илҳом Юнусов зимни суханронии хеш афзуд, ки мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот миёни устодону кормандони муассисаҳои олии ҷумҳурӣ бори дуюм аст, ки бо иқдоми роҳбарияти ДМТ дар чунин сатҳи баланди ташкилотӣ гузаронида мешавад.

Маҳмадёров С. –устодои Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо намояндагӣ аз иштирокчиёни мусобиқа суханронӣ намуда, ҷиҳати баргузории чунин чорабинӣ ба роҳбарияти донишгоҳ изҳори минатдорӣ намуд. Дар ҷараёни чорабинӣ ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ба меҳмонон барномаи рангинеро ба намоиш гузоштанд.

 Ёдовар мешавем, ки тибқ нақшаи тастиқгардида мусобиқа то сани 25-уми июн доир мегардад. Тибқи тастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ барои баргузории мусобиқаи мазкур беҳтарин толор ва шароити хуби корию истироҳатӣ барои меҳмонону иштирокчиёни мусобиқа муҳайё гардидааст, ки дар ин ҷода саҳми Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ назаррас мебошад.