ИФТИТОҲИ ОСОРХОНАИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚШИНОСӢ

276

Имрӯз бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносӣ бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ва ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар пояи факултети мазкур осорхона кушода шуд.

Дар ифтитоҳи Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандони факултет иштирок намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки Осорхонаи факултет дар утоқи барҳавою озода таъсис дода шудааст. Дар он дастовардҳои факултет дар тули солҳои фаъолияташ ҷамъоварӣ шудаанд. Он иборат аз таҷҳизоту воситаҳои техникии замонавӣ мебошад. Дар осорхонаи мазкур осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мукофоту дастовардҳое, ки факултет барои нақши фаъол доштанаш дар амалисозии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат сарфароз шудааст, нигоҳдорӣ мешаванд.

Инчунин, дар осорхона таҷҳизоти муосир барои баргузории дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), видеоконференсияҳо ва дигар чорабиниҳо насб шудааст, ки он имконият медиҳад, омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба таври маҷозӣ дар озмуну олимпиада, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Ҳамзамон, дар осорхонаи мазкур сабти дарсҳои онлайнӣ ва видеодарсҳо низ дар назар дошта шудааст.

Ёдрас мешавем, ки осорхона аз гӯшаҳои гуногун, аз ҷумла гӯшаи Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, деканони факултет, ёде аз таърихи факултет, ёде аз гузаштагони факултет, дастовардҳои ҳаёти таълимии факултет, ҳамкориҳои факултет, дастовардҳои илмии факултет, ҳаёти варзишии факултет иборат мебошад. Тамошои осорхона ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикиро дучанд менамояд.