ИФТИТОҲИ УТОҚҲОИ КОРӢ ВА СИНФХОНАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРАИ АНАТОМИЯИ ОДАМ ДАР ДОНИШГОҲ

22

Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо ибтикор ва ташаббуси хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ давра ба давра бо навгониҳои чашмрас ноил гашта истодааст. Мо шоҳиди онем, ки Пешвои муаззами миллат зимни сафарҳои корияшон ба шаҳру навоҳии мамлакат аз сохта баистифода додани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ мужда меоранд. Хусусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин ҳама аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат баҳри солимии ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар партави аз ин сиёсат дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон факултети тиббӣ таъсис ёфтааст, ки дар самти тарбияи ҷавонони соҳаи тиб саҳми назаррас мегузорад.

Имрӯз (22.02.2025) бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳ утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои нави таълимии кафедраи анатомияи одами факултети тиббии Донишгоҳ мавриди истифода қарор гирифт. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир ва ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинӣ аз тамошои дастовардҳои илмию таълимии мутахассисони соҳаи тибби Донишгоҳ оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки ифтитоҳи утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои нави таълимии кафедраи анатомияи одам дар партави сиёсати иҷтимоии давлат баҳри ҳифзи саломатии шаҳрвандон роҳандозӣ шудааст.

Лозим ба таъкид аст, ки аз моҳи сентябри соли 2015 дар заминаи факултети тиббию фарматсевтии Донишгоҳ факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ таъсис дода шуд. Айни замон дар сохтори факултети тиббӣ 14 кафедраи тахассусӣ фаъолият мекунад: кафедраи терапия, кафедраи ҷарроҳии 1, кафедраи ҷарроҳии 2, кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ, кафедраи морфологӣ, кафедраи физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тибби суддӣ, кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ, кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт, кафедраи микробиология ва вирусология, кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ, кафедраи тибби оилавӣ, кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва кафедраи анатомия одам.

Кафедраи анатомияи одам тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ соли 2021 дар заминаи кафедраи морфологӣ таъсис ёфтааст. То имрӯз кафедраи мазкур дар ошёнаи якуми бинои таълимии №3А -и Донишгоҳ, хиёбони Хайрулло Мирзои ноҳияи Шоҳмансур ҷойгир буд. Акнун утоқҳои корӣ ва синфхонаҳои нави замонавии кафедраи мазкур дар паҳлуи бинои таълимии факултети фалсафа, бинои №15 воқеъ дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ, ҷойгир карда шуд. Синфхонаҳо баъд аз таъмиру тармим ва бо таҷҳизоти лозима муҷаҳҳаз гардонидан ба истифода дода шуданд. Дар он утоқҳои корӣ, 6 синфхона барои машғулиятҳои амалӣ, 1 озмоишгоҳи анатомӣ-ташреҳхона, 1 озмоишгоҳи анатомӣ, 1 толори лексионӣ, 4 тахтаи электорӣ, асбобҳои аёнӣ, муляжҳо, банерҳои тахассусӣ ҷойгир шудааст. Синфхонаҳои кафедра бо камераҳои назоратӣ пайваст шуда, масоҳати умумии утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо 560 метри квадратиро ташкил медиҳанд.

Имрӯз вазифаи мудири кафедраро номзади илми тиб Рустам Абдураҳимов ба уҳда дорад. Дар кафедра 1 нафар дотсент, 1 нафар номзади илми тиб, 1 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистент фаъолият менамояд. Омӯзгорони кафедра аз фанни анатомияи одам дар ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, дандонпизишкӣ, педиатрия ва кори тиббӣ-биологии факултети мазкур дарс мегӯянд.

Лозим ба зикр аст, ки дар факултети тиббии Донишгоҳ аз рӯи 4 ихтисос донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд: кори табобатӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, дандонпизишкӣ ва педиатрия. Аввалин маротиба дар соли таҳсили 2024-2025 беш аз 80 нафар шаҳвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон ба ихтисоси кори табобатии факултети тиббӣ қабул шуданд ва имрӯз аз рӯйи ихтисоси мазкур бо дониши намунавӣ таҳсил доранд. Бояд гуфт, бо қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2024 ба Донишгоҳ барои қабул ба зинаи ординатураи клиникӣ дар самти тиб аз рӯи 18 ихтисос иҷозатнома дода шудааст, ки аз соли таҳсили 2025-2026 қабул дар ин зина оғоз мегардад.

Ёдрас менамоем, ки имрӯз роҳбарияти Донишгоҳ дар самти амали гардидани сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаи омоданамоии кадрҳо, компютерикунонии самтҳои мухталиф чораҳои заруриро меандешад.