Дар робита ба чорабинии “Марз – 2021”. Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддун ва пуршарафи тоҷик ба ҳифзи марзу буми аҷодии хеш аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва далерию мардонагӣ ба воя расидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Ҳамин аст, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси шаҳрванд аст”.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию ҳифзи муқаддасоти миллӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст. Тавре Пешвои миллат таъкид доштаанд: “Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин-озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ мебошад”.
Мо шоҳиди онем, ки Пешвои миллат пайваста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ – «Марз – 2021» гувоҳи гуфтаҳои болост. Санаи 22.07.2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.
Бояд гуфт, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Имрӯз Артиши миллӣ ё худ Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои пурарзиштарини даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, дар солҳои барои давлату миллат тақдирсоз ҷиҳати барқароркунии сохти конститутсионии Тоҷикистон таъмини сулҳу субот дар кишвар, таҳкими истиқлолияти давлати хизмати шоёне кардаву кардаистодааст.
Дар чорабиние, ки ҷиҳати омодабошии ҷангии афсарону сарбозон таҳия гардида буд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд.
Ин ибтикорот дар самти тарбияи ватандӯстии насли наврусу ҷавон заминаи мусоидро фароҳам меорад. Мо хуб медонем, ки Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Хушбахтона, сол то сол бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон пурзур шуд. Маълумоте, ки дар чорабинии муҳимми сиёсӣ – “Марз – 2021” оварда шудааст, далели гуфтаҳои мост.
Бояд қайд намуд, ки имрӯз масъалаи марз яке аз мавзӯъҳои асосии рӯз қарор гирифтааст ва тавре Пешвои миллат дар суханронӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иброз доштанд: “Вазъи кишвари ҳамсояи мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, алалхусус, минтақаҳои шимолии он, ки бо кишвари мо ҳамсарҳад мебошанд, бениҳоят мушкилу номуайян боқӣ монда, авзои онҳо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат мураккаб гардида истодааст”. Ин таъкид бори дигар сарҳадчиён ва ҳар фарди ватандӯстро ҳушдор месозад, ки нисбат ба марз бетафовут набуда, ба ин масъала аз пештара бештар масъулият эҳсос намоянд. Зеро сарҳад дар қатори миллат, забон ва арзишҳои миллӣ нишонаи муҳим ва муқаддаси соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Давлат ҳамон вақт ҳимоя мешавад, ки агар сарҳади мустаҳакам ва сарҳадбони боэътимод дошта бошад. Дар суханрониҳои Роҳбари азизамон зикр мешавад, ки ҳимояи давлат аз ҳимояи сарҳадоти он вобастагӣ дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки душманони Ватан ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз нуқоти мухталифи сарҳад оғоз намуда буданд. Ба воситаи сарҳад яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, миллати моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.
Баъдан бо ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрию ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос иқдомҳое ба субут расониданд, ки дар таърихи кишварҳои навистиқлолёфта беназир аст. Бояд махсус қайд намоем, ки дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ даҳҳо отрядҳои сарҳадӣ, отрядҳои таъиноти махсус, марказҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис дода шудаанд.
Имрӯз ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар яки мост ва бояд сарҳад ҳамчун рамзи садоқату ватандӯстӣ дар қалбу андешаи ҳар тоҷикистонӣ нақш баста, ҳимояи сарҳад вазифаи пуршарафи ҷавонони меҳанпараст ва ҳар шаҳрванди ватандӯст бошад.
Умед дорем, ки родмардони мо дар ин рӯзҳои ҳассос Ватани маҳбубамонро ҳамчун гавҳараки чашм ҳимоя карда, вазифаи муқаддаси худ – дифои ватанро бо сари баланд иҷро мекунанд. Мо хоҳони онем, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳама он афсарону сарбозони шуҷои Ватан бо донишу маҳорати касбӣ ва бо фарҳанги баланди сиёсӣ ба ҷаҳониён собит месозанд, ки меросбарони арзанда, оқилу фарҳангофари тоҷик ва сулҳовару ватансози миллати тоҷик ҳастанд ва баҳри ҳимояи Ватани азизамон сина сипар менамоянд.
Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи ДМТ