ҲИФЗИ САЛОМАТӢ

1190

Дар асоси нақша-чорабиниҳои факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) – 1-уми декабр миёни донишҷӯёни факултет чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет, профессор Талабзода М.С. ва намоиши филми тарбиявӣ оид ба мавзӯи мубориза бар зидди ВНМО оғоз ёфт. Сипас намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Раҳмоналиев О., мудири кафедраи асосҳои таёрии тиббӣ ва мудофиаи граждании факултет, дотсент Ахмедова А.Р., мудири кафедраи эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, дотсент Ҳомидова Т.М. ва донишҷӯи факултети тиббӣ Аҳророва З. роҷеъ ба мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО, инчунин, паҳлуҳои гуногуни бемории мазкур суханронӣ намуданд.

 Дар нишаст гуфта шуд, ки инсон бевосита дар муошират аст, бинобар ин, барои ҳифзи саломатии худ мебоист меъёри дурусти зиндагиро пеш бурд. Дар ҷаҳон проблемаҳои глобалие мавҷуданд, ки яке аз онҳо бемории ВИЧ СПИД ба шумор меравад.

 «Бемории ВИЧ СПИД тамоми олимон ва донишмандони ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст. Хушбахтона, дар замони мо илми тиб то ба дараҷае тараққӣ кардааст, ки роҳҳои пешгирӣ намудани ин беморӣ, инчунин, роҳҳои гузариши он аз тарафи олимон муайян карда шудаанд. Ҷомеа дар инкишоф аст ва худро солим нигоҳ доштан дар ҷомеа муҳим аст»-чунин гуфт декани факултети тиббӣ Талабзода М.С..