ИХТИЁРАН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ РАФТАНИ ДОНИШҶӮЁН МЕАФЗОЯД

327

Имрӯзҳо хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуданро вазифаи шаҳрвандӣ ва ҷонии хеш шумориданд. Имрӯз дар фазои тантанавӣ ҳудуди 100 нафар хатмкунандагони дигари Донишгоҳи миллӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, роҳбарияти донишгоҳ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва падару модарони донишҷӯён чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ иброз дошт, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад. Мушоҳида мешавад, ки ихтиёран рафтани хатмкунандагони донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд.