Ҷомеа ҳамеша дар тараққиёт асту илм доим дар исботи чизи нав. Ҷавонон як қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон, ки худ давлати ҷавон аст ва қисми зиёди аҳолиро низ ҷавонон ташкил медиҳанд. Имрӯз барои ҷавонон давлат шароитҳои хубе фароҳам овардааст. Қисми зиёди ҷавононро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ аз қабили донишгоҳҳоест, ки ҳар толибилми мактаб ба ин даргоҳ орзуи донишҷӯ шуданро дорад ва имрӯз баҳри пешрафт ва ҳамқадам бо замона будан барои донишҷӯён ҳамаи имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст. Ба ин мисол шуда метавонад, таҷҳизонидани синфхонаҳо бо технологияҳои муосир.
Имрӯз (13.04.2023) бо ин мақсад дар факултети фалсафаи донишгоҳ бо иштироки ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои хубтару беҳтар намудани сифати таълим бо техникаю технологияи замонавӣ дар факултети фалсафаи донишгоҳ синфхонаи мазкур бо 30 адад компютери замонавӣ бо шабакаи интернет пайваст сохта ва ба истифода дода шуд.
Озмоишгоҳ бо таҷҳизотҳои дигари техникӣ, аз қабили доскаи электронӣ, видеопроектор ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳамзамон, дар озмоишгоҳ барои донишҷӯён китобҳои таълимии соҳавӣ мавҷуд аст. Гуфта шуд, ки Озмоишгоҳ дар самти амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ роҳандозӣ шудааст, ки имконияти хуб баҳри баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ мебошад.
Ёдрас мешавем, ки дар доираи амалӣ гаштани лоиаҳои муштарак таҷҳизотҳои муосири техникӣ дар факултетҳои донишгоҳ насб гашта истодааст, ки онҳо баҳри анҷом додани корҳои гуногуни илмию таълимӣ мусоидат менамояд.