ва ё ифтитоҳи Маркази инноватсияҳои рақамӣ дар ДМТ
Имрӯз (17.02.2023) бо дастгирии Барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид (UNDP) ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии саноатикунонии босуръати кишвар ва эълон гардидани солҳои 2022-2026, “Солҳои рушди саноат” дар пояи кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Маркази инноватсияҳои рақамӣ ифтитоҳ ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Зимнан ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар замони муосир технологияҳои инноватсионӣ дар рушди илмҳои техникӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Давлатҳои пешрафтаи олам ба омӯзиши ин бахш диққати ҷиддӣ дода, дар асоси поягузории он самараи дилхоҳро ба даст оварданд. Аз ин рӯ, бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди гузариши иқтисодиёти кишвар аз модели аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ва аҳамияти назаррас доштани бахши саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соли 2018 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва стратегии давлат ва солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд.
Гуфта шуд, ки Маркази инноватсияҳои рақамӣ бо технологияи муосир муҷаҳҳаз буда, устодон метавонанд дарсҳои худро дар он гузаранд. Мақсад аз ифтитоҳи марказ, пеш аз ҳама, ташаккул ва тавсеаи тафаккури илмию эҷодӣ ва коллективи донишҷӯён дар самти таҳиҳияи лоиҳаҳои стартап (бизнеси хурди навтаъсис) ва ба ҳам пайвастани донишҳои назариявии соҳибкорӣ бо амалияи бизнеси муосир мебошад, ки тавассути истифодабарии самараноки технологияҳои рақамӣ ба роҳ монда мешавад. Маркази инноватсияҳои рақамӣ дар васеъсозии дараҷаи ҷаҳонбинии илмию инноватсионии донишҷӯён, пайвастани илм бо амалия, азхудкунӣ ва истифодабарии донишҳои муосири вобаста ба технологияҳои рақамӣ баҳри ба роҳ мондан ва таҳияи бизнес –лоиҳаҳои инноватсионӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, дар ин марказ магистрантон, унвонҷӯён ва докторантони Рh.D метавонанд корҳои илмӣ -таҳқиқотии худро ба роҳ монанд. Дар марказ дар баробари донишҷӯёни факултети иқтисод ва идора, инчунин, донишҷӯёни фаъоли факултетҳои баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, молиявию иқтисодӣ низ ҷалб карда мешаванд.
Дар робита ба ин дастовард бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултет конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Саноатикунонии босуръат ва масоили амалигардонии он дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мутахассисон доир ба мавзӯҳои “Таъмини рушди босуръати соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси кластерикунонӣ”, “Хусусиятҳои рушди инноватсионии саноат дар шароити иқтисодиёти рақамӣ”, “Равишҳои консептуалии менеҷменти маркетингӣ дар асри XXI”, “Ташаккул ва рушди кластерҳои нассоҷию дӯзандагӣ дар Тоҷикистон”, “Рушди низоми идоракунии рақобатпазирии корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси равиши динамикӣ” суханронӣ намуданд.
Зикр шуд, ки рушд ёфтани технологияи замонавӣ, асбобҳои дақиқи электронӣ, замимаҳои гуногуни мобилӣ, таъминоти барномавӣ дар самтҳои гуногуни соҳаи саноат, сари вақт ворид намудани инноватсияҳои технологӣ яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи ҳар як мамлакат ба ҳисоб меравад.