ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ МТОК ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

104

Имрӯз дар ҷараёни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус идома дорад, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) ҷумҳуриҳои Белорусу Тоҷикистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Гуфта мешавад, шумораи созишномаҳои нави ҳамкорӣ наздик ба 40 ададро ташкил мекунад.

Созишномаҳо дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳоро омода гардида, дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Аксҳо аз ҷараёни имзои созишномаҳо, ҷараёни баррасии бахшҳои форум ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ: