ИНЪИКОСИ МЕҲРГОН ДАР САРЧАШМАҲОИ ТАЪРИХӢ

504

Дар аҳди бостон тибқи солшумории ниёкони мо, ки дар таърих бо номи “Солшумории зардуштӣ” шинохта шудааст, сол аз 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат буд. Исми моҳҳо ва рӯзҳои онҳо ба шарафи худоҳои то давраи зардуштӣ ва амшоспандону изадони зардуштӣ номгузорӣ шуда будаанд. Агар номи рӯз ва номи моҳ мувофиқи якдигар меафтоданд (масалан фарвандинмоҳ ва фарвардинрӯз), онро фархунда медонистанд ва ҷашн мегирифтанд. Аз ин рӯ, гузаштагони мо дар тӯли сол 12 ҷашни фархунда доштанд чун Фарвандингон (Наврӯз) Урдибиҳиштгон, Хурдодгон, Тиргон, Амурдодгон, Шаҳриваргон, Меҳргон, Обонгон, Озаргон, Дайгон, Баҳмангон, Испандормуз.

Пас Меҳр кист ва ҷашни Меҳргон кай ва чӣ гуна пайдо шудааст? Митра ё Миҳр номи яке аз худоҳои қадимтарини ақвоми ҳинду эронӣ-худои аҳду паймон, қарордод, меҳру муҳаббат, пайванд, шафқат, дӯстӣ, рӯшноӣ, пирӯзӣ ва ниҳоят Офтоб буда, ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои 3-2 пеш аз мелод аз ҷониби ниёкони мо мавриди парастиш қарор дошт.

Дар дини зардуштӣ Миҳр яке аз барҷастатарини изадон-изади фурӯғу рушноӣ ва паймоншиносӣ мебошад. Даҳумин яшти Авасто “Меҳр яшт” ном дошта, дар ситоишу ниёишу тавсифи размоваришҳои изади Меҳр суруда шуда, ҳовии 35 бахш ва 146 банд (карда) мебошад. Чунончи дар кардаи якуми “Меҳр яшт” чунин омада: “Аҳурамаздо ба Спитмон Зардушт гуфт: Эй Спитамон! Бидон, ҳангоме, ки ман Меҳри фаррохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш баробар бо худ, ки Аҳурамаздоям, биофаридам!” Ва дар кардаи 33-юм мехонем: “Эй Спитмон! Ман Меҳрро меситоям, он некро, он нахустин далери минуиро, он бисёр меҳрубонро, он беҳаммонанди баландпойгоҳро, он нерӯманди диловарро, он яли корозмударо”.

Дар Хурда-Авасто номи дувумин ниёиш (намоз) аз панҷ ниёиши маздопарастон “Меҳрниёиш” ном дошта, мутааллиқ ба “Хуршедниёиш” буда, дорои 17 банд (карда) мебошад. Дар бораи Меҳр, ҷашни Меҳргон ва наҳваи баргузории он муаррихони қадими юнонӣ, румӣ ва арманӣ Ҳеродот, Ксенафонт, Ктесий, Страбон, Л.М.Плутарх, Диодониси Ареопагид, Лукиан, М.Порфирий, Езник Кохбатси, Нонни Панополитӣ ва дигарон маълумот додаанд. Аз ҷумла Ктесий менависад: “Подшоҳони Ҳахоманишиниён ба ҳеҷ ваҷҳ набояд маст шаванд магар дар рӯзи ҷашни Меҳргон, ки либоси фохири арғувонӣ мепӯшиданд ва дар бодапаймоии майхорагон ширкат менамуданд”.

Страбон маълумот медиҳад, ки сатрапи (ҳокими) Арманистон дар ҷашни Меҳргон бист ҳазор курраи асп ба расми армуғон ба дарбори подшоҳҳони Ҳахоманишиён мефиристодааст. Дуриус менависад, ки дар ин ҷашн подшоҳон мерақсиданд. Дар таълифоти муаррихони асримиёнагии форс-тоҷик ва араб аз қабили Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (839-923), Ибни Фақеҳ (нимаи дувуми асри IX-аввали асри X), Абулқосим Масъудӣ (ваф.956), Абуалии Балъамӣ (ваф.974), Мутаҳҳари Мақдусӣ (асри Х), Абулқосим Фирдавсӣ (934-1026), Абумансури Саолибӣ (963-1038), Абурайҳони Берунӣ (937-1048), Абулфазли Байҳақӣ (995-1080), Абусаиди Гардезӣ (асри XI), Ибни Балхӣ (XII), Ибни Асир (1160-1234), Ҳамдуллоҳи Муставфӣ (1281-1369) ва дигарон аз иди Меҳргон ва наҳваи баргузории он ёд шудааст.

Дар осори муаллифони мазбур таърихи пайдоиши Меҳргон мисли таърихи пайдоиши Наврӯз ва дигар ҷашну маросимҳои тоҷикони бостон бо устувору ривоятҳои гуногун пайванд хӯрдааст. Бархе аз муҳаққиқон навиштаанд, ки Меҳр номи Хуршед аст ва дар ин рӯз Хуршед ошкор шуда, курраи Моҳ, ки то он рӯз гӯё торикӣ буда, аз Хуршед фурӯғ ва рӯшноӣ гирифт. Дар китоби “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ чунин омадааст: “Ва мегӯянд дар ин рӯз буд, ки худованд Моҳро, ки курраи сиёҳ ва бефурӯғ буд, бақо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарини соатҳои он соати Моҳ аст”. Вай ҳамчунин менависад, ки худованд дар ин рӯз заминро густариш бахшид.

Ба навиштаи китоби “Бундаҳишн” (асрҳои VIII-IX) Машӣ ва Машиёна (Одам ва Ҳаво) дар ҳамин рӯз зода шудаанд. Аммо аксари муаррихон ҷашни Меҳргонро дар робита ба пирӯзии Фаридуни Пешдодӣ бар Заҳҳоки морон қаламдод намудаанд. Чунончи, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби “Таъриху-л-русул ва-л-мулук” чунин овардааст: “Рӯзе, ки Фаридун бар Заҳҳок даст ёфт ва ӯро баста ба занҷир маҳбус сохт, рӯзи меҳр буд аз моҳи меҳр буд, ки мардум онро ид гирифта ва меҳргон номиданд ва гиромӣ доштанд. Зеро зиндагонии худро, ки аз зулми Заҳҳок аз каф дода буданд, ба адли Фаридун ба даст оварданд”. Дар “Муруҷу-з-заҳаб”-и Абулқосим Масъудӣ омадааст, ки “Фаридун рӯзи банд кардани Заҳҳокро ид гирифт ва онро Меҳргон номид”.

Воқеаи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок ва пайдоиши ҷашни Меҳргон дар китоби “Таърихи Табарӣ”-и Абуалии Балъамӣ чунин тасвир ёфтааст: “Афридун рӯй ба Заҳҳок ниҳод ва Кова сипаҳсолор буд ва ҳамаи кор ба дасти ӯ буд. Ва Заҳҳок рӯй бад-эшон ниҳод ва ҳарб карданд. Ва Афридун зафар ёфт. Ва Заҳҳокро бигрифт ва бикушт. Ва ҳамон рӯз Кова тоҷ бар сари Афридун ниҳод ва ҷаҳон бад-ӯ супурд. Ва он меҳррӯз буд аз моҳи меҳрон, рӯзи Меҳргон. Ва Меҳргон эдун буд, чун Меҳргон чунон дод ва адл бигустарид дар дар ин ва меҳри некуии ӯ ба ҷаҳон андар афтод. Ва эдун гӯянд, ки Афрудин ба мулк бинишаст ва Коваро сипаҳсолор кард ва ҳар чи аз берун буда буд, бад-ӯ супурд”. Устод Абулқосим Фирдавсӣ дар китоби “Шоҳнома”-и безаволи худ оғози подшоҳии Фаридунро дар меҳрмоҳ медонад ва бунёнгузории ҷашни Меҳргонро бад-ӯ нисбат медиҳад: Абумансури Саолибӣ дар китоби “Ғурар ахбор мулук ал-Фурс ва сияруҳум” менависад, ки “Рӯзе, ки Фаридун бар Заҳҳок чира шуд ва ӯро бандӣ сохт, рӯзи меҳр аз моҳи меҳр буд, ки мардум онро ҷашн гирифтанд ва Меҳргон ном ниҳоданд”.

Абурайҳони Берунӣ дар “Китобу-т-тафҳим ли авоил синоати-т-танҷим” дар посух ба суоли он ки “Меҳргон чист” чунин посух медиҳад: “Шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш-меҳр. Ва андар ин рӯз Афридун зафар ёфт ба Биюросби ҷоду, он-к маъруф аст ба Заҳҳок. Ва бар кӯҳи Дамованд боздошт. Ва рӯзҳо, ки сипаси меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз пасиНаврӯз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва ромрӯз ном аст ва бад-ин донандаш”.

Вай дар китоби “Осор-ул-боқия” ба тафсири Меҳргон мепардозад ва менависад, ки “Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он ҳурмузд аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст… Мегӯянд, сабаби ин ки ин рӯзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд, ки Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ӯро мағлубу нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд”…

Дар китоби “Форснома”-и Ибни Балхӣ омадааст, ки Фариун “Заҳҳокро бигрифт ва банд барниҳод ва дар кӯҳи Дамованд маҳбус кард ва бар тахти подшоҳӣ биншаст. Фармуд то он рӯзро ҷашне созанд ва Меҳрҷон он рӯз сохтанд ва пас ойин гашт, ки ҳар сол он рӯз Меҳрҷон медоштанд ва он одат бимондааст ва мустамар шуда”. Абусаиди Гардезӣ дар китоби “Зайну-л-ахбор” чунин овардааст: “Меҳр рӯзе буд аз меҳрмоҳ, ки Фаридун Заҳҳокро бигирифт ва бибаст. Ва мардумон шодӣ карданд. Ва Фаридун он рӯзро ҷашн кард ва онро Меҳргон ном кард”. Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар китоби “Таърихи гузида” менависад: “Фаридун ба ёрии Коваи оҳангар ва бузургони Эрон бар Заҳҳок шӯриданд. Ӯро гирифт ва дар банд кард. Он рӯз, ки Фаридун бар Заҳҳок чира шуд, Меҳргон ном ниҳоданд”.

Дар китоби “Ахбори Эрон” омадааст: “Дастгирии Заҳҳокро рӯзи Меҳргон навиштаанд. Эрониён дар ин ҷашн ба забони худ мегӯянд: “Омад Меҳргон рӯзи куштани касе, ки мардумро мекушт.” Ҳам чунин омадааст, ки меҳр рӯзе буд аз меҳрмоҳ, ки Фаридун Заҳҳокро бигирифт ва бибаст ва мардумон шодӣ карданд ва Фаридун он рӯзро ҷашн кард ва онро ҷашни меҳргон ном кард”. Аз миёни муаррихони асримиёнагии форс-тоҷик Абулфазли Байҳақӣ дар китоби “Таърихи Байҳақӣ” дар бораи баргузории ҷашни Меҳргон дар замони султон Масъуди Ғазнавӣ дар солҳои 1036, 1037 ва 1038, ки худ шоҳиди он буд, маълумот медиҳад. Вай менависад: “Рӯзи якшанбе чаҳоруми зилҳиҷҷаи соли 428 (1036) ба ҷашни Меҳргон нишаста ва аз офоқи мамлакат ҳадияҳо, ки сохта буданд, пешкашро дарбиёварданд ва авлиё ва ҳашам низ бисёр чиз оварданд. Ва шуаро шеър хонданд ва силат ёфтанд. Пас аз шеър ба сари нишот ва шароб рафт ва рӯзи хуррам ба поён омад”. Дар соли 1037 Абулфазли Байҳақӣ шеваи баргузории ҷашни Меҳргонро дар рӯзи арафа чунин баён мекунад: “Ва рӯзи чаҳоршанбе нуҳуми зилҳиҷҷа ба ҷашни Меҳргон бинишаст ва ҳадияҳои бисёр оварданд. Ва рӯзи арафа буд. Ва касро заҳра набуд, ки пинҳон ва ошкоро нишот кардӣ ва дигар рӯз иди азҳо карданд.”

Бояд афзуд, ки ситоиши Меҳргон дар осори шуарои асрҳои X-XII форс-тоҷик хеле пурранг аст. Ашъори поягузори адабиёти классикии форс-тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, Унсурии Балхӣ, Манучеҳрии Домғонӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Асадии Тӯсӣ, Сӯзании Самарқандӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Рашиди Ватвот, Хоқонии Шервонӣ, Замири Ҳамадонӣ, Анварии Абевардӣ ва дигарон гувоҳи ин иддаост. Манучеҳрии Домғонӣ менависад:

Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,

Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.

Ва Асадии Тӯсӣ низ мегӯяд:

Фаридуни фаррух ба гурзи набард,

Зи Заҳҳоки тозӣ баровард гард.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хӯша меҳр,

Нишаст ӯ ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

 Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барафрохт.

                                                                          ҚАҲҲОРИ РАСУЛИЁН