ИШТИРОКИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР НИММАРАФОНИ ХII БАЙНАЛМИЛАЛӢ

433

Имрӯз (16.04.2022) бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе баргузор гардид, ки беш аз 500 нафар устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳо дар ифтитоҳи чорабинии мазкур ширкат варзиданд.

Тибқи иттилои масъулини донишгоҳ беш аз даҳ нафар донишҷӯён дар ҷараёни Ниммарафон (давидан дар масофаи муайян) иштирок доранд ва умед аст, ки сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 инҷониб дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки Ниммарафони мазкур соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.