ИСТИҚЛОЛИЯТ – ТАМОЮЛИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

676

 Масъалаи таҳлилу тадқиқи истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи олимони ҷомеашиносро ба худ ҷалб намудааст. Пеш аз таҳлили масъалаи мазкур ба асосҳои методологии он назаре менамоем, ки муҳаққиқон асли онро чӣ гуна шарҳ додаанд. Олими рус С.З. Зиманов ба мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият нисбат ба давлат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳарду мафҳумро ба сифати муродифи якдигар дониста, онҳоро қудрати олӣ ва мустақилият дар ҳалли масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ тавсиф менамояд.

Вобаста ба ин масъала Ж. Боден хуб қайд намудаст. Шуҳрати асосии Ж. Боден соли 1566 пас аз интишори рисолаи «Методи дарки осони таърих» ба даст меояд. Муҳаққиқ натанҳо таърихи рушди инсониятро инъикос менамояд, балки нусхаи якуми таълимоти худро дар бораи давлат ва ҳокимияти давлатӣ, ки пас аз 10 сол дар «Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ» таҳия шудааст, интишор намудааст. Навгоние, ки Ж. Боден дар назарияи сиёсии худ анҷом дод, иборат аз он буд, ки робитаи мафҳумҳои “давлат” ва “истиқлолият”-ро ба ҳам мепайвандад. Ба ибораи дигар, назарияи соҳибихтиёрии давлатиро ба вуҷуд овард, ки дар маркази он ғояи тақсимнашаванда ва ягонагии доимии ҳокимияти давлатӣ буда, ҳукми аз болои қонунҳо ва тамоми шакли муносибатҳо қарор дорад.

Дар таълимоти Ж. Боден давлат аз шахсияти ҳоким ҷудо шудааст ва давлат ҳамчун як ниҳоди комилан мустақили иҷтимоӣ муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, муҳаққиқ ҳолати рушд ва инкишофи давлатро омӯхта, ба хулосае меояд, ки давлат ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мухталифро соҳиб мебошад. Масалан, ваколати соҳиби моликият, ҳудуд, ҳокимияти сиёсӣ, инҳисори истифодаи зӯрӣ ва ғайра. Ж. Боден инчунин дар бораи шартномаҳои байни давлатҳо, ки бояд истиқлолиятро риоя кунанд менависад. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки ӯро ба сифати поягузорони илмҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи давлатӣ муаррифӣ намоем.

Таълимоти истиқлолияти давлатӣ, ки ҳоло бо номи Ж. Боден оғоз мегардад, аслан дар шакли ҳокимияти ҳоким дар соҳаи қонунгузорӣ буд. Он назария хеле маҳдуд буда, дар он, пеш аз ҳама, на дар бораи соҳибихтиёрии давлат, балки соҳибихтиёрии ҳоким сухан мерафт. Ж. Боден, ки пайдоиши навъи нави давлатро дидааст, ин анъанаро бартараф намуда, соҳибихтиёриро аз маҷмӯи ваколатҳои молик, азхудкунии давлат дар масъалаи аҳолӣ ва захираҳоро пешниҳод намуда, моҳияти давлатдориро ба иродаи давлатӣ табдил дод. «Истиқлолият қудрати соҳибихтиёртарини мутлақ ва абадӣ ба шаҳрвандон ва тобеон дар давлат аст», ки Ж.Боден ин ақидаро хосияти муҳимтарини давлатдорӣ медонад. Чунин қудрат унсури зарурии давлат аст, ки тавассути ҳокими худ соҳибихтиёрӣ зоҳир мешавад ва онро ба шаҳрвандони алоҳидаи давлат мепайвандад.

Давлат тартиби махсуси идоракунии ҷомеа мебошад. Истиқлолият неруи мутаҳидкунандае дониста мешавад, ки давлатро ҳамчун як ниҳоди иҷтимоӣ ташкил месозад. Ҳокимияти шахс ва давлатро тавассути «ҳоким», ки дар ин ҳолат ба сифати миёнарав ва нишондиҳандаи моҳияти давлат ба ҳисоб меравад, ба иродаи ҷомеа мепайвандад.

Истиқлолият ифодаи мустақилияти намояндаи ваколадори давлатӣ буда, танҳо ҳокимият доимо ва пайваста ба ӯ тааллуқ дорад. Вале дар асл танҳо мардуми кишвар метавонад барандаи ҳокимияти олӣ бошад, ки пас аз он мустақилона ҳокимиятро ихтиёрдорӣ намуда, масъулияти идоракуниро ба ихтиёри шахс ё ашхоси дигар вогузор менамояд. Ж. Боден қайд менамояд, ки соҳибихтиёрӣ танҳо дар соҳаи ҳокимияти давалтӣ номаҳдуд аст. Он ба соҳаи муносибатҳое, ки қонунҳои илоҳӣ, табиӣ ва моликияти хусусиро муқаррар кардаанд, дахл надорад.

Таълимот дар бораи истиқлолият аз ҷиҳати идеологӣ барои асоснок намудани мултимизми шоҳона равона шудааст, аммо аз ҷиҳати маърифатӣ қадами нав дар илм ба ҳисоб мерафт. Тибқи андешаи муҳаққиқ «истиқлолият қудрати мутлақ ва доимии давлат аст”. Ж. Боден бартарии ҳокимияти давлатӣ, устувории он, хусусиятҳои мутлақ ва мустақилияти онро баён менамояд. Ҳокимияти давлатӣ қудрати олӣ ва мустақил ҳам дар дохили давлат ва ҳам дар муносибати хориҷӣ бо қудратҳои хориҷӣ мебошад. Мустақилият, пеш аз ҳама, истиқлолияти давлатро аз рӯҳониён, ибодатгоҳҳо ва давлатҳои дигар дар назар дорад.

Дар марҳилаи кунунии рушди муҳаққиқ А.А. Тротская қайд менамояд, ки «мафҳуми ананавии истиқлолият наметавонад мураккабии муносибатҳои муосири байналмилалиро ифода кунад». Дар шароити имрӯза дар бораи равандҳои ҷаҳонӣ ҳарф мезананд, ки ба тақсимоти назарраси захираҳои ҳокимият ва ҳукумат ба субъектҳои дигари сиёсати ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Ин тағйирот ба назарияи классикии ҳокимият ва ҳукмронӣ таъсири амиқ дошта, ба объектҳои дигар ва ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии давлатҳо низ таъсири мушаххас мерасонад. Истиқлолияти давлатӣ категорияи марказӣ дар истиқлолияти сиёсӣ буда, заминаҳои бунёди сиёсӣ ва ҳуқуқиро талаб менамояд.

Муҳаққиқон М.Хардт ва А. Негри қайд мекунанд, ки истиқлолияти давлатӣ дар фаҳмиши классикии худ наметавонад вазифаи ором кардани бесарусомонии ҷаҳонро иҷро кунад ва аз ин рӯ, як ҳокимияти наве лозим аст, ки ба империяи ҷаҳони демократия ҷавобгу бошад.

В.Д. Зоркин назарияи худро нисбат ба истиқлолият пешниҳод намуда, таъкид мекунад, ки «бо вуҷуди тағйиротҳои амиқ ва сершумор дар даҳсолаи охир истиқлолияти давлат ҳамчун асоси низоми конститутсионии аксари давлатҳо боқӣ мемонад. Истиқлолияти давлатӣ як далели раднашаванда аст, ки системаи сиёсии давлатҳои мустақил ба он асос ёфтааст.

Тавре ки С.М. Горхалский бошад қайд менамояд, ки зарурияти эволютсияи истиқлолият набояд маънои онро дошта бошад, ки дар замони мо мафҳуми истиқлолият беъманӣ аст ва маънои зиёд надорад. Истиқлолияти давлатӣ таъминоти мушаххас ва возеҳи қудрати сиёсӣ, ки дар қаламрави давлат ҳукмфармост ва дорои захираҳои моддию инсонӣ буда, мустақилона фаъолият кардан ва иродаи худро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ ташаккул медиҳад. Барандаи истиқлолияти сиёсӣ одамоне мебошанд, ки тавассути омилҳои иқтисодӣ, идеологӣ ва ғайра муттаҳид гардида, қобилияти амалӣ кардани ҳокимияти олиро дар ҷомеа доранд.

Истиқлолият ҳамчун хусусияти давлат дар адабиёти сиёсӣ ифода гардида, бартарияти ҳокимияти давлат дар дохили кишвар ва мустақилияти онро дар хориҷ баён менамояд. Агар ба идеяи истқлолияти давлатӣ назар намоем ба масъалаҳои асосии ҳокимити давлатӣ таъсир мерасонад. Ҳокимияте, ки давлат ва мақомоти он амалӣ мекунанд, қудрати сиёсӣ мебошад. Давлат барандаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки онро системаи ягонаи мақомоти олӣ ва маҳалии ҳокимият амалӣ мекунанд. Афзалияти ҳокимияти давлатӣ дар он аст, ки дар дохили кишвар ба тамоми аҳолӣ паҳн мешавад. Истиқлолият натанҳо ба хосияти иерархияи сохторҳои дохилии давлат таъсир мерасонад, балки ба мавқеи худи давлат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ таъсиргузор аст.

Истиқлолияти давлатӣ чунин принсипҳои бунёдиро, ба монанди ваҳдат ва тақсимнашавандаи қаламрав, дахлнопазирии марзҳои ҳудудӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатро дар бар мегирад. Дар низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, қонунгузории миллӣ ба сифати соҳибихтиёрӣ дар ҳудуди давлат баромад намуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ бошад истиқлолияти давлатӣ ҳангоми аз ҷониби давлатҳои мустақил муайян шудани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, ки вазифаҳои худро мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ мекунанд, муайян мегардад. Дар натиҷа амалҳои ҳуқуқи байналмилалии давлатҳо дар тамоми доираҳои худ фаъолият татбиқ гардида, амалисозии истиқлолияти онҳоро ифода мекунад [Акмалова М.А. Становление и развитие политической независимости Республики Таджикистан. – Худжанд, 2010.- 212c., с. 58-59].

Барои ворид шудан ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақил давлатҳо ба василаи истиқлояти худ ворид мегарданд. Танҳо давлатҳои соҳибистиқлол ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ бо назардошти сифати беназирии худ, яъне қудрати истиқлолият қодиранд, фаъолияти ҳуқуқи байналмилалиро таъмин намоянд ва ба шарофати истиқлолияти худ эҷоди қонуни меъёрҳои байналмилалиро ташкил намуда, механизми татбиқи онҳоро ба амал меоранд. Аммо новобаста аз мақоми истиқлолияти давлатӣ дар ин шароит низоми муносибатҳои ҷамъиятии дохилии давлат дар самти баинобатгирии меъёрҳои байналхалқӣ дар низоми меъёрҳои ҳуқуқи дохилии давлат амалӣ гардида, маҳдудияти истиқлолияти сиёсиро ба бор меорад, ки дар асоси принсипҳо ва низоми ҷаҳонӣ ва манфиатҳои давлатҳои абарқудрат тарҳрезӣ мешаванд.

Гарчанде давлатҳо мувофиқ ба конститутсияи худ истқлолиятро дар тамоми шакли фаъолияти давлатӣ эълон намудаанд, мустақилиятро воситаи асосии амалишавӣ медонанд, аммо монеагузорӣ дар самти баинобатгирии муносибатҳои муштарак ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пайдо мегарданд. Масалан, мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад», аммо раванди қабули санадҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ бо баинобатгирии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Истиқлолият назарияи сиёсӣ буда, ба роҳбарияти олӣ ва ҳокимияти сиёсӣ пайваст мегардад. Истиқлолияти сиёсӣ муносибати байни шаҳрвандон ва давлатро ошкор намуда, асоси онро, ки қудрати қабули қонун, муайян намудани тартибот ё тағйири онро дорад, ташакил медиҳад. Истиқлолияти сиёсӣ фаъолияти субъектҳоест, ки ба воситаи давлат ва ё дар ҳудуди он амал менамоянд ва кафолат медиҳанд, ки мустақилият ва соҳибихтиёрӣ дар инкишофи ҷомеа риоя гардад.

 Истиқлолияти сиёсӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ тағйиротҳои бузургро ба миён меорад ва он воситаи асосии ҳалли вазифаҳои умумимилӣ ва мубориза дар роҳи пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ мегардад. Истиқлолияти сиёсӣ ба сифати меҳвари асосии давлатдорӣ дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ дарҷ гардида, имконият медиҳад, ки манфиатҳои кишвар беҳтар ҳимоя гарданд ва дар ҳалли масъалаҳои гуногуни байналхалқӣ ҳиссаи муайян дошта бошад. Истқлолияти сиёсӣ бо истиқлолияти давлатӣ унсури ҷудонашаванда буда, дар мустаҳкам намудани мақоми давлат ба сифати ташкилоти идоракунии ҷомеа дар системаи сиёсӣ баромад намуда, баёнгари мақоми давлат дар низоми муносибатҳои дохилию хориҷӣ дониста мешаванд. Ҳамзамон, истиқлолияти давлатӣ ба тамоми қаламрави кишвар паҳн гардида, давлат якпорчагӣ, дахлнопазирии ҳудуд, кафолати соҳибихтиёрии халқ дар таъсиси ҳокимият таввасути интихобот ва ҷудонопазирии ҳудудро таъмин ва кафолат медиҳад.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар халқ баёнгари ҳокимият буда, тавассути раъйпурсию интихобот амалӣ мегардад ва ҳокимияти худро ба мақомоти давлатӣ мегузорад. Тавре ки Ж.Ж. Руссо қайд менамояд «ҳокимияти болоӣ ҳамчун як навъи соҳибихтиёрии халқ буда, бо иродаи умуми равона карда шудааст ва дар асоси шартномаи ҷамъиятӣ ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун як падидаи сиёсӣ мустақиман аз моҳият ва мундариҷаи ҳокимияти давлатӣ иртибот мегирад, ки барандаи олӣ ва ягонаи он халқ мебошад. Истиқлолияти давлатӣ хусусиятҳои муҳими ҳокимияти давлатиро ифода намуда, тавассути фаъолияти давлат ва мақомотҳои давлатӣ амалӣ мешавад [Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон].

Мавҷудияти ҳокимияти давлатӣ ғайриимкон аст дар алоҳидагӣ аз давлат ва баръакс, зеро ҳокимияти давлатӣ аст, ки моҳияти давлатро ифода мекунад. Назаре меандозем ба таърихи ташаккули истиқлолият дар низоми давлатдорӣ, ки ба идеяи ташаккули давлати миллӣ пайваст мегардад. Давлати миллӣ баъд аз баста шудани сулҳи Вестфал ибтидо мегирад. Дар шароити парокандагии Европа ташкилотҳои сиёсие пайдо гардидаанд, ки ба мустақилияти хеш ноил шудаанд. Тадриҷан ташаккули системаи нави муносибатҳои байналхалқӣ асос гирифт ва асоси онро ғояи давлати миллӣ ташкил менамуд. Дар муддати кутоҳ дар Европа давлатҳои зиёди миллӣ пайдо гардиданд.

Принсипи истиқлолияти миллӣ тақозо менамуд, ки давлат тамоми имкониятҳоро барои рушди ҷомеа истифода намуда, барандаи сиёсати кабир мебошад. Давлат натанҳо сиёсати стратегии инкишофи давлатҳоро назорат мекунад, балки дар муайян намудани стратегияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ низ мақоми олиро соҳиб мешавад. Ҳолати мазкурро давлатҳои дигар эътироф намуда, муҳимият дар он буд, ки ба корҳои дохилии якдигар дахолат нанамоянд. Г.Н. Зокиров дар китоби «Истиқлолияти сиёсӣ» аломатҳои зерини истиқлолияти давлатиро нишондодааст, «мавҷудияти ҳудуди муайян; аҳолие, ки дар ҳудуди муайяншуда зиндагӣ доранд; ба таври қонунӣ идора намудани ҷомеа; истиқлолияти давлати миллиро давлатҳои дигар эътироф кунанд».

Давлат ҳамчун намояндаи расмии халқ ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро эътироф мекунад, манфиатҳои онҳоро ҳимоя менамояд. Истиқлолияти давлат дар ваҳдат ва бартарии ҳокимияти давлатӣ зоҳир мегардад. Давлати мустақил давлате мебошад, ки мустақилона дар асоси ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ комилӣ ва тақсинашавандагии ҳокимияти худро таъмин менамояд. Сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мустақилона бо баинобатгирии манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва даст ёфтан ба манфиатҳои геополитикӣ дар низоми муносибатҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ мегардад. Вобаста ба табиати истиқлолияти давлатӣ ҳалли масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар муносибат бо давлатҳои дигар ба амал меояд. Истиқлолияти давлатӣ имкон медиҳад, ки шакли идоракунӣ, шакли сохтори давлатӣ, системаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, системаи пулӣ, молиявӣ, бонкӣ, самтҳои асосии худидоракунии маҳалиро мустақилона муайян намуд ва барои муносибати мутақобилаи давлат ва шаҳрвандон шароит фароҳам оварда, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро таъмин сохт.

Дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ муносибатҳо байни субъектҳо дар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ анҷом меёбад. Санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аз истиқлолияти давлатҳо сарчашма гирифта, давлатҳо принсипи асосии танзими ҳуқуқи байналхалқиро ташкил менамоянд. Танзими ҳуқуқи байналхалқӣ истифодаи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъсир расонидан ба муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Рушди асосии субъектҳои байналхалқӣ новобаста аз системаи иҷтимоию сиёсӣ, сатҳи рушди техникӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иқтидори ҳарбӣ, андозаи қаламрав ва аҳолӣ эътирофи истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ ба шумор меравад. Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба сифати меъёрҳои рафтор барои давлатҳое мебошанд, ки меъёрҳои муайяншударо дар низоми байналхалқӣ эътироф кардаанд ва кафолат медиҳанд, ки сулҳ, амният ва ҳамкории байналхалқиро дастгирӣ мекунанд. Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ баробарии давлатҳоро ҳамчун субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ифода мекунанд. Махсусан, Оинномаи СММ истилоҳи «баробарии истиқлолият»-ро чунин муайян кардааст:

1. Давлатҳо аз тамоми ҳуқуқҳое, ки аз моҳияти истиқлолияти онҳо бармеояд, истифода мебаранд.

 2. Давлатҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баробаранд.

3. Бутунии арзӣ ва истиқлолияти сиёсии давлатҳо бояд риоя.

4. Давлат бояд уҳдадориҳои худ ва байналмилалиро иҷро намояд.

Истиқлолияти давлатҳо истиқлолияти сиёсии ин ва ё он давлатро нисбати давлатҳои дигар тавсиф менамояд. Аммо бо истиқлолияти пурри сиёсӣ, давлатҳо метавонанд дар соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, низомӣ ва ғайра вобастагии қисман ва ё пурра дошта бошанд. Аслан соҳибихтиёрии давлатӣ ё вуҷуд дорад ва ё вуҷуд надорад. Ҳарду дар ниҳояти кор ба сатҳи қудрати истиқлолияти ӯ вобаста аст. Давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ омили муайянкунандаи ташаккули идеологии сиёсати хориҷӣ мебошанд ва тамомияти арзӣ принсипи истиқлол буда, қудрати пурраи давлатро дар тамоми қаламраваш таъмин мекунад. Истиқлолияти давлатӣ барои таъмини ягонагӣ, ваҳдат, худмуайянкунии системаи сиёсӣ ва ҳокимияти олӣ пешбинӣ мешавад. Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатӣ шарти асосии ҷудонопазири мавҷудияти ҳар як давлат буда, шарти иҷрои вазифаҳои он мебошад.

Давлат ягона ташкилотест, ки дар асоси истиқлолияти сиёсӣ қонун ва меъёрҳои муайяншудаи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар ҷомеа барқарор намуда, татбиқи онҳоро дар шаклҳои гуногун амалӣ месозад. Ҳамин тариқ, истиқлолияти давлатӣ тамоюли асосии рушд ва инкишофи давлат дар замони муосир буда, тамоми шакли пешрави давлатҳо аз он бармеояд. Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун унсури меҳварии рушд ва инкишофи давлатҳои миллӣ пайваста воситаи муваффақияти давлат дар низоми муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ аст.

Ҳусайнзода А.Б.,

Некрӯзи М.,

омӯзгорон