(Дар мисоли факултети химияи ДМТ)
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва илмиву фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи вижа намуда, барои рушди ҳаёти илмиву маърифатии мардум пешниҳодҳои судманд намудаанд. Дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ бо ибтикороти роҳбарияти олии мамлакат тамоми соҳаҳои илми ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Яке аз ибтикорот ва ё пешниҳодҳои саривақтии Пешвои миллат ин «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 мебошад, ки заминаи мусоид барои рушди фанҳои мазкур мегузорад.
Фанни химия яке аз қисматҳои асосии илмҳои табиатшиносӣ мебошад. Имрӯз факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин самт мутахассисонро омода менамояд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Роҳбарияти донишгоҳ солҳои охир баҳри боз ҳам рушд бахшидани мавқеи ин фан корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст ва имрӯз факултет баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, махсусан, омӯзиши илми химия роҳу усулҳои муосирро ҷустуҷӯ ва дар раванди таълим онро татбиқ намуда истодааст. Баҳри таъмини озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ бо асбоб ва таҷҳизоти замонавӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз 3 ноябри соли 1995, таҳти №98 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шуд, ки дар асоси он ҳамасола якшанбеи охири моҳи май “Рӯзи химикон” дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад. Ҳамасола вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи касбии химикон дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳо, олимпиадаҳо, конкурсҳо ва чандин озмунҳои гуногун гузаронида мешавад.
Имрӯз факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон яке аз махзанҳои муҳими омодкунии кадрҳо дар самти мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, муҳандисӣ ва технологии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1959 инҷониб фаъолият намуда истодааст. Дар факултет кафедраҳои химияи ғайриорганикӣ, таҳлилӣ, органикӣ, физикӣ ва коллоидӣ, татбиқӣ, технологияи истеҳсолоти химиявӣ ва усули таълими химия бо озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ, синфхонаҳои таълимиву компютерӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон, дар факултет 1118 нафар донишҷӯ (745 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 373 нафар дар шуъбаи ғоибона ва шакли таҳсилоти фосилавӣ) таҳсил мекунанд, ки аз ин 34 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ ва 33 нафар магистрант (1 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) мебошанд. Барои омӯзиши илми химия ба муҳассилону таҳқиқотчиён 67 нафар устод муаззаф шудаанд, ки аз онҳо 7 нафар доктори илм, профессор (аз инҳо 2 нафар зан), 46 нафар номзади илм (26 нафар зан) ва боқӣ ассистент, лаборантону муҳандисон мебошанд. Дар факултет синну соли миёнаи олимаҳо 48,39 сол ва олимон 48,70 солро ташкил дода, фоизи устодони унвони илмидор 79,1 %-ро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2020-2021 аз ҷониби устодони факултет 4 китоби дарсӣ, 3 воситаи таълимӣ, 5 дастури методӣ, 64 мақолаи илмӣ, аз ин 14 мақола дар хориҷи кишвар, 163 фишурдаи мақола, аз ин 8 фишурда дар хориҷи кишвар, 2 патент, 3 нахуспатент, 3 монография ва ғайра ба табъ расидааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як зумра чорабиниҳои сатҳи донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки устодону кормандони факултети химияи донишгоҳ дар баробари дигар кормандону устодони донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳо фаъолона иштирок намудаанд.
Бояд гуфт, ки барои дастгирии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ танҳо дар солҳои таҳсили 2020-2021 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерин қабул шуд, ки барои рушди соҳа заминаи мусоид фароҳам меоранд:
-Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, барои 15 нафар;
-Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”;
-Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025.
Устодони факултети химия бо масъулияти баланд дар раванди босуръати рушди илм ва техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ кушиш ба харҷ дода истодаанд. Ҳамин аст, ки имсол як гурӯҳ устодону кормандони факултет бо мукофоту ҷоиза ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд, аз ҷумла 2 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ, 3 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми ҶТ», 3 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, 2 нафар бо Сипосномаи ҲХДТ ва ғайра.
Ба боварӣ метавон гуфт, ки устодон, кормандон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултети химия дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти донишгоҳ амал намуда, аз пештара бештар дар рушди илми химия хизмат менамоянд.
Сафармамадзода С.М.,
Файзуллозода Э.Ф.