Воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон бозгӯйи набзи ҷомеа буда, ҳамчун ойина бурду бохти онро нишон медиҳанд. Дар таърихи беш аз садсолаи худ расонаҳои тоҷик низ ин вазифаи худро содиқона иҷро мекунанд. Дар бораи таърихи журналистикаи тоҷик сухан ронда, «усулан онро метавон ба 3 давраи шартӣ: то шӯравӣ, шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо кард. Ҳарчанд дар ду давраи аввал низ барои таъсису ташаккули журналистикаи тоҷик корҳои мондагоре сурат гирифтаанд, аммо бо шарофати истиқлолияти комили сиёсии Ватани азизамон барои рушди журналистикаи тоҷик заминаҳо ва омилҳои нав ба вуҷуд омаданд. Фаъолияти журналистикаи тоҷик бо риояи меъёрҳои умумибашарии озодии баён, дастрасӣ ба иттилоот маҳз ба давраи истиқлол рост меояд. Ин пеш аз ҳама ба фазои созгори муҳайёгардида иртибот мегирад.
Пешвои миллати мо зимни суханронии хеш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик (10 марти соли 2012) хотирнишон сохтанд, ки «танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад… танқид дар заминаи таҳлили ҷиддӣ ва далелҳои боэътимод бояд сурат гирад». Ин таъкиди Сарвари давлат нишони он аст, ки Ҳукумати кишвар ба танқиди созандаи журналистон арҷ мегузорад ва барои рафъи мушкилоти ҷойдошта аз суханони журналистон чун чашму гӯши ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол мегирад.
Дастовардҳои журналистон дар партави сиёсати Пешвои миллат боиси эътирофанд. Ҳамасола созмонҳои байналмилалии марбут ба фаъолияти журналистон вазъи озодии баёнро дар кишварҳои олам ба риштаи таҳлилу таҳқиқ мекашанд. Хушбахтона, дар ин таҳлилҳо Тоҷикистони мо дар қиёс бо бисёр кишварҳои олам ва аз ҳама давлатҳои минтақа болотар аст. Ва яке аз бартариҳое, ки пайваста зикр мешавад, ҳамкории ҳукумат ва ҷомеаи журналистӣ дар самти бартараф кардани муаммоҳои ҷойдошта мебошад. Маҳз бо дастгирии Пешвои миллат моддаҳои 135 ва 136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи онҳо рӯзноманигорон барои таҳқиру тӯҳмат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, аз қонунгузории ҷиноятӣ ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шуданд. Ин муаммое буд, ки борҳо журналистон дар нишасту маҳфилҳои худ сари он мубоҳиса мекарданд. Ва Сарвари давлати мо бо ин амал як навъ эҳтироми худро ба озодии баён изҳор карданд ва ҳам барои роҳбарони кишварҳои минтақа намуна гаштанд.
Фармони №622-и Президенти мамлакат аз 7 феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро на танҳо ҳамчун як санади ҳуқуқӣ, балки чун иродаи сиёсии Сарвари кишварамон дар самти рушди журналистика ва озодии баён метавон арзёбӣ намуд. Ҳамчунин тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба нишастҳои матбуотӣ бо иштироки васеи журналистону коршиносон баргузор мегарданд. Мақсад аз ташкили мунтазами ин нишастҳо таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилои расмӣ мебошад. Яъне Сарвари давлат шахсан манфиатдор ҳастанд, ки ба ҷомеа саривақт ва ба таври расмӣ мансабдорони сатҳҳои гуногун дар бораи фаъолияти худ ва ниҳодҳояшон иттилоот диҳанд.
Дар баробари ВАО-и ватанӣ фаъолияти намояндагиҳои чандин расонаҳои хориҷӣ (аз ҷумла «Озодӣ», ВВС, «Мавҷи Олмон» ва ғайра) дар Тоҷикистон нишонаи арҷгузории Давлату Ҳукумати мо ба арзишҳои умумибашарии озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот мебошад. Ҳамчунин ин амал бозгӯйи узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ устувор будани кишвари моро нишон медиҳад.
Маҳз истиқлолият имкон дод, ки ҷашни матбуот ҳамасола дар рӯзи 12 март (ба ифтихори рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи аввалини тоҷикӣ «Бухорои шариф») дар сатҳи баланд таҷлил гардад.
Истиқлолият имкон дод, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо фароҳам оварда шудаву пайваста такмил ёбанд ва ин ҳама дар асоси Конститутсия сурат бигирад. Қабули ин аснод, пеш аз ҳама, ба иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад. Ва ин ки имрӯз дар фазои иттилоотии мо расонаҳои моликият ва самташон гуногун фаъолият доранд, самараи иродаи Пешвои миллатамон мебошанд. Санади олии ҳуқуқии Тоҷикистон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои кишварҳои олам ном бурда мешавад. Таҳияву қабули ин санади тақдирсоз бевосита таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Чун бо қабули Конститутсия мо бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро мақсади худ қарор додем, аввалин иқдоми роҳбарияти давлати тозаистиқлоли мо фароҳам сохтани заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти воситаҳои ахбори омма буд. Дар асоси Конститутсия даҳҳо қонуну санад қабул шудаанд, ки ҳамагӣ барои фаъолияти озодонаи расонаҳо мусоидат мекунанд. Аз ҷумла фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.
Маҳз истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат имкон дод, ки журналистикаи тоҷик ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз нигоҳи миқдор боло равад. Агар дар соли соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 139 адад рӯзномаву маҷалла (аз ҷумла 4 рӯзномаи хусусӣ) ва ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошта бошад, пас имрӯз бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ қариб 500 расона қайд шудаанд, ки 75 фоизи онҳо ба бахши хусусӣ рост меоянд. Аз 11 оҷонсии иттилоотии дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта 10 оҷонсӣ ғайриҳукуматӣ мебошанд. Аз нигоҳи мӯҳтаво нашрияҳоро метавон ба сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, адабӣ, маърифатӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, ҳизбӣ, соҳавӣ, барои кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва гайра, аз нигоҳи фарогирии ҷуғрофӣ ба умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ ҷудо кард. Яъне тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба матбуоти ба худашон нигаронидашуда дастрасӣ доранд. Ин шаҳодати он аст, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат барои рушди ҳам матбуоти ҳукуматӣ ва ҳам мустақил шароити мусоидро фароҳам сохтааст. Дар бораи пешравиҳо дар самти радио ва телевизион ин нукта гувоҳӣ медиҳад: Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 90 муассисаи телевизиониву радиоӣ фаъол буда, бештарашон ғайриҳукуматӣ мебошанд.
Асри 21 асри иттилоот, асри муборизаҳои иттилоотӣ ба усулҳои наву бесобиқа, асри таъсир ба мафкураҳост. Ва танҳо он кишвару миллатҳо дар ин ҷода аз хатар эмин хоҳанд монд, ки мардумонашон худшиносу худогоҳ ва соҳибмаърифат ҳастанд. Ва дар ин роҳ журналистон нақши муассире доранд. Хушбахтона, бо истифода аз имкониятҳои фароҳамомада дар ҷумҳуриамон матбуоти расмӣ, ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ, шахсӣ, соҳавӣ ва ғайра фаъолият доранд. Аммо наметавон гуфт, ки фаъолияти ҳама расонаҳо ба пешрафти ҷомеа яксон мусоидат мекарда бошад. Ин аз як нигоҳ аз табиати касби рӯзноманигорӣ (гуногунандешиву озодии баён) бармеояд ва аз нигоҳи дигар бозгӯйи сатҳи пасти касбият, фаҳмиши нодурусти озодии баён, сӯистифода аз гуногунандешӣ мебошад. Ҳам дар расонаҳои чопӣ ва ҳам электронӣ баъзан умумигӯйӣ, таҳлили сатҳӣ, нусхабардорӣ, ғаразбозӣ, манфиатталошӣ, риоя нашудани меъёрҳои касбиву этикӣ ба мушоҳида мерасад.
Ҷаҳони имрӯз ҷаҳони чанд даҳсолаи пеш нест. Имрӯз таъсири расонаҳои кишварҳои абарқудрат ба афкори ҷомеаи кишварҳои дар роҳи рушд қарордошта зиёд ба мушоҳида мерасад. Ба ақидаи муҳаққиқ И. Усмонов: «Кишварҳои бузург имкон доранд, ки ба василаи воситаҳои ахбори омма ақидаи худро бар сари кишварҳои дигар бор кунанд ва ҳатто ин ақида метавонад пурра бар хилофи ақидаҳои он кишвар бошад.» Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфтааст. Ва ҳеч иттилое бидуни мақсад пахш намегардад. Тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар камтарин фурсат дилхоҳ иттилоъ дар олам паҳн мешавад. Ин ҳам нишони аҳамияти иттилоъ асту ҳам водоркунандаи масъулият дар назди гирандаи иттилоъ. Ин масъулият то кадом андоза дархӯри манфиатҳои милливу давлатии мост, саволест аз ҳар рӯзноманигор посух мехоҳад. Аз ин рӯ аҳли қаламро мебояд дар баробари иҷрои вазифаҳои касбии худ манфиат ва арзишҳои миллии Давлати соҳибистиқлоламонро дар мадди аввал гузоранд. Ба як маъно, рӯзноманигорон дар муборизаву ҷангҳои иттилоотӣ бояд сарбоз ва сипари боэътимоди миллат бошанд.
Сангин Гулзод,
мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ