Чун аз истиқлолият ҳарф мезанем, пеш аз ҳама, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир меояд, ки гуфтаанд: «Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо ба шумор меравад». Дуруст аст, ки истиқлолият аз ҳама арзиши боло ва бузург барои ҳар як халқу миллат дар рӯи замин ба шумор меравад. Маҳз соҳибистиқлолӣ ҳар як давлатро ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд.
Арзишҳо он ҷузъҳои қоидаву амал ва рафторҳоенд, ки талаботҳои ҳар яки моро қонеъ мегардонад. Дар баробари арзишҳое, ки ниёз ба исботу далел надоранд, мисли падару модар, фарзанд, қадр, номус ва ғайра арзишҳои дигар, ба монанди арзишҳои куллӣ (универсалӣ) демократӣ (озодии сухан, мустақилият, истиқлолият) барои инсон вуҷуд дорад, ки инҳоро рад кардан номумкин аст. Ба даст овардани истиқлоли миллӣ ва сулҳи комил дар мамлакат боиси рушд ва пешрафти устувори иқтисоди мамлакат ва баланд рафтани ҳисси масъулият ва ватандӯстии табақаҳои кишвар маҳсуб меёбад.
Бинобар ин, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзи онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад. Истиқлолияти давлатӣ, ки имсол мо 30-солагии онро ботантана таҷлил хоҳем кард, ба мо имкон фароҳам сохт, то замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон, зиндагии наку, ризоят ва ваҳдати миллиро дар ҷомеаи Тоҷикистон эҷод намоем. Дар тулии таърих миллати тоҷик тамоми сахтиву мушкилиҳоро пушти сар карда, дастовардҳои фарҳангии худ, аз қабили забони модарӣ, илму фарҳанг, ҳуввияти миллиро нигоҳ доштааст.
Гузаштагони мо бо афкори пурарзиши худ «Пиндори нек, гуфтори нек, ва кирдори нек» тамоми орзуву омоли башариятро хеле хуб ва донишмандона баён намуда, ки он дар давоми чандин асрҳо ба инкишофу рушди азришҳои баланди инсонӣ хидмат карда истодааст. Маҳз чунин тамаддуни бойу рангин тавассути чунин шахсони бузурги илму адаб Зардушт, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Румиву Ғаззолӣ, Аттору Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Сайидо ва ғайра ба мо омада расидаст.
Даврони истиқлолият ба имкон дод, роҳи имрӯз ва ояндаи худро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар муайян созем ва ба сӯи давлати соҳибихтиёру дунявӣ қадам монем. Маҳз дар давраи истиқлолият тағйироти куллии иҷтимоиву сиёсӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ табақаҳои нави иҷтимоии ҷомеа, тарзи нави зиндагӣ, арзишу дастурҳо, самтҳо ва тамоюлҳои нав шакл гирифтанд. Чунин тағйироти куллӣ, бешак, дар худшиносӣ ва ҳувияти одамон, инчунин, дар сиёсати миллии давлат инъикоси худро ёфтанд. Сохтани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, силсилапулҳои азими болои рӯдҳо, ки диёрамонро аз бунбаст раҳонида, ба кишварҳои дуру наздик пайвастанд, боиси шукру сарфарозии ҳамаи мову шумо мебошанд. Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар саросари мамлакат, корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббию маишӣ, таҷлили ҷашну бузургдошти нобиғаҳои адабию илмӣ ва сиёсию мазҳабӣ, эҳёи расму суннатҳои воло, ки барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, зинда ва мустаҳкам кардани хотираи таърихӣ, дарки масъулияти ватандорӣ, омӯзишу ҳифзи фарҳанги миллӣ дару дарвозаҳои навро кушодаанд, дастовардҳои беназири айёми истиқлол маҳсуб мешаванд. Чунин пешравиҳои назаррас тавассути якдиливу ободонии аҳли кишвар дар сарзамини азизамон ба амал омадаст, ки ҳар яки моро водор месозад ба қадри ҳар як дастоварди замони истиқлол бирасем ва шукронаи тинҷиву осоиштагии Ватанро кунем. Соҳибватан будан барои ҳар яки мо бахти бузург ба ҳисоб рафта, хусусан, дар замони ҳодисаву воқеаҳои бисёр тезу тунди ҷаҳони имрӯза, шиддат гирифтани низоҳои гуногуни байни миллату давлатҳои ҷаҳон.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат як қатор қонун, қарор ва стратегияҳои миллиро қабул ва дар амал ҷорӣ намуда истодааст. Махсусан, ҳадафҳои миллии кишвар: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии бозсуръати кишвар чаҳор ҳадафи бузурги мо дар роҳи расидан ба кишвари ободу пешрафта хоҳад гардид.
Дар Паёми худ (соли 2016) ба Парламенти кишвар Президенти мамлакат қайд намуданд: «Дар марҳилаҳои минбаъда ин мақсадҳо сифатҳои навро ба даст хоҳанд овард, асоси он аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишвар ба кишвари транзитӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ бо дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок иборат мебошад. Дар ин раванд, афзалият ба самаранокии бахшҳои воқеии иқтисодиёт, рушди потенсиали инсонӣ, диверсификатсияи истеҳсолот, таҳкими институтсионалӣ ва рушди минтақаҳо дода мешавад. Мо минбаъд низ рушди устувори кишварро дар шаклҳои саноатӣ ва инноватсионӣ муҳокима намуда, барои баландбардории самаранокии истифодаи захираҳо ва имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ кӯшиш менамоем ва аллакай барои пешгирӣ намудани осебпазирии иқтисоди миллӣ дар давраи дарозмуддат тадбирҳои алоҳида андешида шудаанд».
Соҳаи энергетика дар кишвар яке аз соҳаҳои асосии инкишофи давлат ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсири назаррас доранд. Тавассути ин соҳа ба ҳадафи дигари мамлакат расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ омадем. Бунёди неругоҳҳои хурду миёна дар минтақаҳои гуногуни кишвар гувоҳи гуфтаҳои болост.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар иқтидори гидроэнергетикӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди об ва захираҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Зиёда аз 60%-и захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгир аст. Тоҷикистон бо мақсадҳои гуногун танҳо то 7%-и обро истеъмол мекунад, қисмати боқимонда бо мақсади обёрӣ ва истеъмолӣ ба кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Миёна мегузаранд.
Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвият и истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ истеҳсол гардид. Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем. Ин ҳадаф низ бевосита дар саноатикунонии соҳаҳои кишвар саҳми бориз хоҳад гузошт. Чунки кишвари мо бояд аз мамлакати аграрӣ – саноатӣ ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ гузарад.
Солҳои охир соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷа ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардидем. Бо ин мақсад, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53-лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ барои рушди тамоми бахшҳои иқтисодиёти кишвар масъалаи муҳими ҳаётӣ аст. Стратегияи азнавсозии роҳҳои автомобилгард, бунёди роҳҳои мошингард, роҳи оҳан, фурудгоҳҳои ҳозиразамон, алоқа бо тамоми ҷаҳон аз тариқи кушодани хатсайрҳои нав ба рушди иқтисодиёт, савдои дохилӣ ва хориҷӣ такони ҷиддӣ бахшид. Стратегияи мазкур марҳила ба марҳила дар чаҳорчӯбаи Консепсияи «Роҳи Бузурги Абрешим» амалӣ карда мешавад [Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ (илмҳои табиӣ-риёзӣ) //Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. //№1-2 (1-2), 250 с, с.322]. Дар доираи ин як қатор чорабинию тадбирҳо дар ин самт андешида шуда, ҷиҳати беҳтар гардонидани сифати роҳҳо ва дуруст ба роҳ мондани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳо ва мавзеъҳои хатарноку душворгузар нақбҳо сохта шудаанд.
Тайи солҳои охир бо шарофати соҳибистиқлолии Ватани азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас рӯйи кор омадаанд. Дар ҳамин радиф, бахши меъморӣ ва сохтмон низ ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид гаштааст. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани эъмори иншооти гуногун далели возеҳи пурмаҳсул ва муназзам будани фаъолияти меъморону сохтмончиёни кишвар аст, ки натиҷаҳои онро ҳар рӯз мушоҳида мекунем. Табиист, ки дар татбиқи талаботи кодекси мавриди назар саҳми пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ назаррас мебошад, зеро онҳо ба маънои томаш заминагузори бунёдкориҳо маҳсуб мешаванд.
Соҳаи кишоварзӣ дар мамлакат аз ҳама самти муҳими даромаднокӣ дар рушди мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола садҳо ҳазор гектар ба гардиши кишоварзӣ даромада, дар таъмини маҳсулоти кишоварзӣ ба сокинони кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат саҳм мегузорад. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, зиёда аз 70% – аҳолии мо дар деҳот зиндагӣ мекунанд, ки фоидаи асосии аҳолии деҳот аз ҳисоби замин ва кишоварзӣ ба даст меояд. Аз тарафи давлат ҷиҳати рушди ин соҳа чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст, ки рӯз ба рӯз сатҳу сифати соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ беҳбуд ёфта истодааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ, бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор бо маблағгузорӣ 22-лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар бо маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки ҳоло дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ, рушди содирот ва бо ашёи хом таъмин кардани саноати хӯрокворӣ нақши назаррас бозида истодааст.
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро бо мақсади таҳкими ҳадафҳои аслии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, дорои иқтисоди пешрафта, тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии хонандагону донишҷӯён, ташаккули шахсияти онҳо, амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон ба роҳ монда, баҳри ташкил ва танзими низоми таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ, ба манбаи асосии таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони баландсавияи дар бозори меҳнат рақобатпазир табдил додани муассисаҳои таълимию илмии кишвар ҷаҳду талош намуд [Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Бахши илмҳои иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ. 2019. №5. Қисми II, 328 с, с.5].
Бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шуданд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро ташкил медиҳанд.
Аз файзи соҳибистиқлолии кишвар алҳол корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишварамон ҷараён доранд. Ҳадаф аз ин ободкориҳо мусоидат намудан ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
Моро проблемаҳои глобалӣ имрӯз водор менамоянд, ки вобаста ба пешрафти иқтисодиёт аз дидгоҳҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла диди экологӣ, арзишҳои соҳибистиқлолии кишварамонро на танҳо арзёбӣ намоем, балки онҳоро вобаста ба замон тарғибу ташвиқ созем. Як қазоват намоед, нахустин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» 27 – уми декабри соли 1993 қабул шуда буд. Хушбахтона, солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин самт беш аз 25 қонуни соҳавӣ қабул гардида, аксари онҳо вобаста ба замон такмилу тавзеҳ дода шуданд. [Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016].
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байнамиллалӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин замина муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо ҳамсояҳои наздик – кишварҳои Осиёи Миёна, ҳамчунин Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хоса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфтаанд ва чунин сиёсат дар оянда низ идома меёбад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тадриҷан муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва давлатҳои ҷаҳон мустаҳкам мегардад.
Соли 2021 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқололи давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст. Дар баробари он ки дар даврони истиқлолият ба комёбиву дастовардҳои беназир ноил гардида бошем ҳам, лекин ҷаҳони имрӯз бисёр мураккабу тезу тунд гашта истодааст ва моро зарур аст бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва маърифати баланди худшиносӣ ва ҳисси баланди ватандорӣ муттаҳид гашта, нигоҳдорандаи дастовардҳои ин даврон бошем. Дар вазъияти кунунӣ таҳким ва устувории истиқлолият на танҳо барои миллати мо, инчунин, барои тамоми аҳолии курраи замин зарур буда, пояҳои давлату давлатдорӣ ва баланд рафтани сатҳу сифати зиндагии тамоми табақаҳои аҳолӣ мазмуни нисбатан навро ба худ пайдо кардааст.
Р. Б. Гулов,
докторант Ph.D-и кафедраи кори иҷтимоии ДМТ