ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ СОҲАИ ВАРЗИШ

2276

Бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ ва бо гузашти қариб 30 сол дар Тоҷикистон рӯйдодҳои воқеан таърихиву арзишманд, дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода шудааст. Дар маҷмӯъ, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамасола боло меравад. Албатта, ин ҳама аз саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз мо ҳамагон дар фазои сулҳу субботу комил зиндагии шоиста дорем…

Боиси шукргузориву фараҳмандист, ки дар қатори дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки бахши умдаи сиёсати иҷтимоии давлат ва дар ин замина самти афзалиятнок ба шумор меравад, дигаргуниҳои азим ба вуқуъ омаданд. Ба ибораи дигар, дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ дар сиёсати давлату ҳукумат масоили солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъи хоса пайдо намуд, ки албатта, ин пеш аз ҳама, ба шарофати сулҳу суббот, ваҳдати бебозгашти миллӣ ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Пешвои муаззами миллат ба соҳаи тарбияи ҷисмониву варзиш мебошад. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат дар мавриди нақшу аҳамияти варзиш дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки «…Варзиш аз як тараф маънои нерумандию солимӣ, бардамию дарозумрӣ бошад, аз тарафи дигар шарафи баланди ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани Ватан, омили таҳкими сулҳу дӯстӣ мебошад…»

Агар мо бо далелҳо ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиамон дар соҳаи варзишу тарбияи ҷисмонӣ назар афканем, бешак ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба солимии ҷомеа, бахусус насли наврас дар кишвари соҳибистиқлоламон таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста зоҳир гаштанд. Бунёди иншоотҳои муҳташами варзишӣ, тадбирҳо бобати ҳавасмандгардонии варзишгарон, пайваста гузаронидани чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ дар кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои андешидашуда дар ин самт мебошад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», Қонун «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон», Қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ», давра ба давра қабулу амалигардидонии Барномаи дурнамои инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, «Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» бобати мустаҳкам намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳавасмандгардонии варзишгарон заминаи мусоид фароҳам оварданд. Имрӯз дар дуртарин деҳоти кишвар майдону толорҳои муосир барои рушди варзиш ва оммавигардонии он бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, тадбирҳои дигар дар ин самт роҳандозӣ гашта истодаанд.

Дар Паёми имсола Пешвои миллат зикр намуданд, ки «Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне шумораи иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст. Танҳо соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзишӣ бо харҷи 1 миллиарду 63 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон соҳиби он гардидаанд…”

Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад. Дар баробари ин, мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем…”

Ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат бесабаб нестанд. Ба таҳлили олимону мутахассисон, саломатии ҷамъият ба саломатии ҷомеаи вай вобастагии зич дорад. Воқеан, саломатӣ барои инсон муқаддастар аз ҳама молу сарват аст. Бе тани солим одам ба иҷрои ягон кор қодир буда наметавонад. Имрӯз рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба солимии афроди ҷомеа сахт марбут аст. Барои солимии ҷомеа бошад тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш воситаи муҳим маҳсуб меёбанд.

Ҳамин аст, ки дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар масоили солимии миллат, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз пеш мавқеъ пайдо намуда истодааст ва дар ин замина барои пешрафту камолот ва равнақу инкишофи тарзи ҳаёти солим тадбирҳои зиёд анҷом дода шудааст.

Тавре медонем, солҳои пешин кӯдакону наврасон бештар фароғати худро бо машғул шудан ба бозиҳои варзишии коллективӣ, аз қабили футболу волейбол, баскетболу теннис ва ғайра мегузарониданд. Имрӯз низ ин анъанаи неки варзиширо бояд идома диҳем. Имрӯз майдончаҳои зиёд дар ҳар гӯшаву маҳаллаҳои пойтахт барои наврасон бунёд гардиданд ва ин ташаббуси оқилона дар вилояту марказҳои шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ гашта истодааст.

Пас, волидону омӯзгорон, сохторҳои дахлдор, тамоми ҷомеа бояд ҳар чи бештар ба ҷавонону наврасон аҳамияти ба варзиш машғул шуданро фаҳмонему онҳоро ба ин самт роҳнамоӣ намоем. Масалан, ҳар субҳгоҳон, вақте шахс ба варзиш машғул мешавад, яъне он машқҳое, ки баъд аз хоб иҷро карда мешаванд, ба рӯҳу равону ҷисму ҷон неруи зиёд мебахшанд. Машғулиятҳои ҷисмонӣ мушакҳои баданро ба ҳаракат медарорад. Барои варзиши пагоҳӣ аз маҷмӯи машқҳое, ки аз тарафи мураббиён ва муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ тарҳрезӣ гардидааст, оқилона истифода намудан ба мақсад мувофиқ аст. Агар ин кор ғайриимкон бошад, лоақл худи шахс бояд маҷмӯи машқҳои нисбатан одиро тартиб дода, истифода намояд. Ва ё ин ки субҳгоҳон чанд дақиқа ба роҳгардӣ машғул шудан ба манфиати кор аст. Чунки роҳгардӣ рӯҳияи инсонро қавӣ мегардонад ва барои саломатӣ нақши муҳим мебозад. Пас, имрӯз аз кӯдакистон то мактабҳои олӣ, дар хонаву маҳалла ҷавононро барои ба варзиш машғул гаштан ҳидоят намоем. Зеро ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина саломатии аҳолӣ ин боигарии беҳамтои миллат ба шумор меравад. Саломатии хуб инсонро қувва бахшида, барои вай умри дароз муҳайё мекунад.

Мақсад аз ин таъкидҳо он аст, ки инсон бояд тарзи ҳаёти солимро пеша кунаду саломатии худро бисозад ва барои он мубориза барад, мунтазам ба варзиш машғул шавад. Ба таъкиди Сарвари давлат: “Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони ҷисман солим ташаккулёфтаро дар пешрафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар тамоми самтҳои ҷомеа пайдо намуда, фаъолгардонию сиҳатии ҷомеаро ба таври оммавӣ ба воситаи варзиш ба роҳ монем”.

Дар интиҳо бовар дорем, ки ҳар як фарди кишвар ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро дастури амалии худ қарор дода, бо амали неку шоистаи хеш дар ободии як гӯшаи кишварамон саҳми муносиб мегузоранд.

А.З. Бухориев,

ассистенти кафедраи тарбияи

ҷисмонӣ ва варзиши ДМТ