ҲИЗБЕ, КИ МАҲСУЛИ ТАФАККУРИ ЭҶОДИИ ХАЛҚИ ФАРҲАНГОФАР ВА СОЗАНДАИ МОСТ…

63

10 декабр, аз фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад. Тули ин солҳо ҲХДТ тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳм гузошта, барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намояд.

Бо ин мақсад имрӯз (08.12.2022) бо ибтикор ва ташаббуси роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳимоятгари истиқлоли давлатӣ ва таҳкимбахши суботи сиёсӣ» баргузор гардид.

Зимни суханронӣ муовини раиси КИИ «Дониш» Ҷамолиддин Шарипов зикр намуд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ нақши хеле калон дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда”, ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, иброз доштаанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.

Сипас муовини Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Шукрулло Наботов суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд».

Ҳамзамон, дар чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии Муносибатҳои байналхалқӣ Ҷаъфаров, С., доир ба «Мавқеи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаи ҲХДТ» баромад намуда, зикр намуд, ки ҲХДТ Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар меҳвари он усули баробарӣ ва дӯстӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, ҷонибдорӣ мекунад. Дар ин замина ҲХДТ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунад, ки бо идома додани сиёсати пайгирона дар ин самт муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёр ва тақозои тамоюлоти ҷаҳони муосир ба сатҳи сифатан нав бардорад.

Дар идома инчунин, устоди факултети таърихи ДМТ Сабзалӣ Асоев ва устоди факултети ҳуқуқшиносӣ Эмомалӣ Миралиев суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ҲХДТ тайи солҳои сипаришуда садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрӯз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.