ЭЪЛОН: МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШОҲМОТ ДАР ДМТ

890

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии кушод оид ба шоҳмот байни устодону кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021-ро барои дарёфти “Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон” эълон менамояд.

Мусобиқаи мазкур 21-уми июни соли 2021, соати 09:00 (бақайдгирӣ аз соати 8:00) дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17, бинои марказии ДМТ (толори калони маҷлисгоҳ) доир мегардад.

Маълумоти бештар дар “Барнома-даъватнома”-и мусобиқаи мазкур: Барнома -даъватномаи мусобиқаи шохмот