Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он таҳти унвони «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»)баҳри қаламкашон озмун эълон менамояд.
НИЗОМНОМАИ
озмуни ҷумҳуриявии «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун»)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Пешвои созанда ва иншооти сарнавиштсоз (НБО-и «Роғун») (минбаъд: озмун) бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор мешавад.
2. Озмун дар доираи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва берун аз он (дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо мақсади таълифи асарҳои хубу мондагор, ки арсаи кор, заҳмати созанда, ифтихори ватандорӣ, нангу номуси миллӣ, иншооти азими аср будани НБО-и «Роғун» ва руҳияи қавию иродаи шикастнопазири бунёдгузори НБО-и «Роғун» –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври барҷаста инъикос намоянд, доир мегардад.
3. Озмун дар бахшҳои зерин баргузор мешавад:
– Роман;
– Қисса (повест);
– Очерк ва эссе;
– Ҳикоя;
– Достон;
– Силсилаи ашъор (бо фарогирии ҳамаи навъҳои шеърӣ);
– Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ.
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
4. Сарпарасти озмун Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
5. Масъулони баргузории озмун факултетҳои филология, журналистика ва забонҳои Осиё ва Аврупо мебошанд.
3. КОМИССИЯ ВА ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
6. Барои гузаронидани озмун дар ҳайати устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, ҳайати он бо фармоиши Ректори ДМТ тасдиқ карда мешавад.
7. Муҳлати ниҳоии пешниҳоди асарҳо ба озмун то 30.06.2024 муқаррар мешавад.
8. Асарҳои ба озмун пешниҳодшуда пас аз баррасӣ ва муҳокимаи ҳайати ҳакамону мушовара ва ҳамчун асари дорои арзиши бадеӣ, таърихӣ, илмӣ-оммавӣ ва таҳқиқӣ эътироф гардидан, аз ҳисоби маблағҳои махсуси ДМТ ба табъ расонида мешавад.
9.Озмун дар арафаи таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда мешавад.
4. ШАРТ ВА ТАЛАБОТ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
9. Асарҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд қаблан дар ҳеҷ озмуни дигаре пешниҳод нашуда ва дар ҳеҷ нашрияе чоп нашуда бошанд(мавод аз рӯзи имзои низомнома 01.09.2023 то 30.06.2024 ва дар ин давра таълиф(эҷод) шуда, қабул карда мешаванд).
10.Талабот ба асарҳои ба озмун пешниҳодшаванда ба таври зайл муқаррар карда мешавад:
– роман (на камтар аз 150 саҳифа);
– қисса (повест) (на камтар аз 70 саҳифа);
– очерк ва эссе (на камтар аз 20 саҳифа);
– ҳикоя (на камтар аз 25 саҳифа);
– достон (на камтар аз 200 байт);
– силсилаи ашъор (на камтар аз 150 байт);
– мақолаи илмӣ-оммавӣ (на камтар аз 20 саҳифа).
11. Асарҳо ба озмун бояд дар шакли чопӣ ва электронӣ дар андозаи зайл пешниҳод карда шаванд: шакл (формат)-и А 5, бо ҳуруфи андозааш 12,5 ва масофаи байни сатрҳо (интервал) 1,15.
12. Дар ҳар бахш як нафари беҳтарин ғолиб дониста мешавад.
5. ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
13. Ғолибони озмун ба таври зерин қадрдонӣ карда мешаванд:
-барои эҷоди роман – 25 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ;
– барои эҷоди достон – 20 (бист) ҳазор сомонӣ;
– барои эҷоди қисса (повест) – 15 (понздаҳ) ҳазор сомонӣ;
– барои эҷоди очерк ва эссе – 10 (даҳ) ҳазор сомонӣ;
– барои эҷоди ҳикоя – 10 (даҳ) ҳазор сомонӣ;
– барои силсилаи ашъор – 10 (даҳ) ҳазор сомонӣ;
– барои мақолаи илмӣ-оммавӣ – 10 (даҳ) ҳазор сомонӣ.
14. Иштирокчиёни фаъоли озмун бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳайати иҷро: профессор Кӯчарзода Аъламхон.
профессор Мурод Муродӣ
профессор Сафаров Умархуҷа.
профессор Мисбоҳиддини Нарзиқул.
профессор Сироҷиддини Эмомалӣ.
дотсент Рустам Ваҳҳобзода.
дотсент Муҳаммадизода Қарор.
ЭЗОҲ. Эҷодиёт дар шакли электоронӣ ва коғазӣ қабул карда мешавад.
Суроға: Бинои асосии ДМТ, хиёбони Рӯдакӣ 17, утоқи 40, нишони электронӣ: ozmun.dmt@mail.ru
Телефон барои маълумот: 221-08-64