ЁДЕ АЗ ДОНИШГОҲ

494

Муҳаббат ба илму таълим ва рӯзҳои неки донишҷӯӣ хатмкардагони соли 1973-и Донишгоҳи миллиро ба ҳам овард. Имрӯз (05.08.2022) дар назди бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатмкардагон ҷамъ омада, ёди рӯзҳои тиллоии донишгоҳӣ намуданд. Онҳо таъкид доштанд, ки аз хатми донишгоҳ 49 сол сипарӣ гаштааст, вале меҳру муҳаббат ва хотираҳои нек намегузорад, ки дил аз ин макони илму адаб канда шавад.

“Ростӣ дурӣ аз ҳамкурсон, ки тули 5 сол бо ҳам будем, сахт аст. Мо баъд аз хатми донишгоҳ иқдом гирифтем, ки ҳар сол дар шанбеи аввали моҳи август дар назди донишгоҳ ҷамъ шавему рӯзҳои хотирмонро ёд кунем. Мо аз айёми донишҷӯӣ хотираҳои зиёде дорем. Бо роҳнамоии устодон дар ин шубу рӯз, яъне дар давраи таътил ба гӯрӯҳи сохтмону таъмирчиён кумак мекардем. Ҳамзамон, барои савияи дониши худ бо иҷозати устодон аз лабораторияи донишгоҳ истифода менамудем. Мушоҳида мекунам, ки донишҷӯи имрӯза беҳтарин шароитро дорад ва хушбахттарин нафароне ҳастанд, ки дар чунин шароити хубу ба талаботи замон ҷавобгӯ илм меомӯзанд. ” – таъкид намуд Иркаев Баҳор, хатмкардаи риштаи физикаи ДМТ дар соли 1973.

Малоҳат Гаҷибоева яке аз ин хатмкардагон буд, ки дар суҳбат бо мо афзуд: “Дар соли 1973 факултети физикаро 70 нафар дар ду гурӯҳ: тоҷикӣ ва русӣ хатм намуд. Баъд аз хатми донишгоҳ қисми зиёд дар сохторҳои гуногун ба кор шурӯъ кардем. Аксарият номзади илм ва омӯзгори муасиссаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ гардида, қисме дар давлатҳои хориҷа фаъолият мекунем. Ман аз замони донишҷӯи бо нашрияи донишгоҳии “Ба қуллаҳои дониш” ҳамкорӣ доштам. Масалан, аз айёми таътил хотира менавиштам ва дар газетаи донишгоҳ чоп мегардам. Баъзан аз сафарҳоямон ба минтақаҳои гуногун маводи тарбиявӣ менавиштем, ки бо аксамон чоп мешуд. Ин бароям мояи ифтихор аст”.

Суҳбати мо кутоҳ буд. Эҳсос мешуд, ки дар симои ин хатмкардагон шодӣ ҳадду канор надошт. Мушоҳида мешуд, ки меҳрубонию эҳтироми хоса ба якдигар доштанро мароми зиндагии худ шумориданд. Шаҳзодаи Д.