КАФИЛИ ОЗОДИВУ СОҲИБҲУҚУҚӢ КОНСТИТУТСИЯ АСТ!

474

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА ҚОБИЛҶОН ХУШВАХТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

27-умин солгарди қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Имсол барои ҷомеаи соҳибистиқлоли мо, хусусан, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соли таърихист. Зеро дар ин сол мо 30-юмин солгарди ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатиро бо тантана ҷашн гирифтем ва, хушбахтона, ҳамоишҳои гуногуни ҷашни дар кишвар идома доранд.

Фаромӯш набояд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади конститутсионӣ дар таърихи тоҷикон буда, онро мардуми тоҷик бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи аҳолии кишвар, дарку эҳсоси таъмину ҳимояи соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он қабул намудааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”.

Ёдовар шудан лозим аст, ки дар давоми 27 сол меъёрҳои Конститутсия сиёсати пешгирифтаи сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ асос гузошт ва дар ин давра ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард. Нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон, дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ назаррас аст. Маҳз дар давоми солҳои Конститутсия ин муассисаи бузурги илмиву таълимӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва берун аз он мутахассисони баландихтисосро тайёр намудааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати ҳуқуқии кишвар пешсаф ҳастанд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва ифодакунандаи дурнамои пешрафти халқ аст. Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу осоиш мо 27-умин солгарди қабули Қонуни асосии миллии худро ҷашн мегирем. Аз ин рӯ, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ ва фаъолияти пурборро дар пешбурди қонунгузориҳои кишвар таманно дорам.

27-солагии Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!