КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР»

87

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти русии факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 16-уми сентябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Методикаи таълими забон ва адабиёти рус дар ҷаҳони муосир» баргузор намояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

  • нақши забони русӣ дар рушд, ташаккул ва густариши фарҳанги миллатҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • вазъият ва дурнамои таълими забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байни миллатҳо дар шароити муосир;
  • истифодаи технологияи муосир дар омӯзишизабон ва адабиёти рус;
  • роҳҳои баланд бардоштани сифати таълими забон ва адабиёти рус;
  • забони русӣ ҳамчун забони муоширати илмӣ ва касбӣ;
  • мушкилоти усули таълими забон ва адабиёти рус ҳамчун забони хориҷ;
  • тамоюлҳои муосири методикаи таълими забон ва адабиёти рус;
  • тарҷума ҳамчун яке аз муҳимтарин соҳаҳои забоншиносӣ;
  • масъалаҳои забоншиносии қиёсӣ ва муқоисавӣ.

Талабот барои маърузаҳои ба чоп пешниҳодшаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафичап 3 см, аз тарафи рост1,5 см, боло ва поён 2см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj боандозаи – 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

-сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷойи кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маъруза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад;

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

-баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 1-уми майи соли 2025 ба кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводди конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №10, факултетифилологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 988 50 10 13; +992 919 82 14 38. Почтаи электронӣ: abdulloeva.64@mail.ru