КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «ШАКЛ, НАМУД ВА ОБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР АСОСИ ҚОНУНГУЗОРӢ»

88

Кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 10-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Шакл, намуд ва объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси қонунгузорӣ» баргузор намояд.

Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

  • ҷойгоҳ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • самтҳои асосии рушди соҳаи соҳибкорӣ дар замони муосир;
  • дурнамои рушди соҳаи соҳибкорӣ;
  • соҳибкории рақамӣ;
  • савдои электронӣ;
  • идоракунии электронии системаҳои иттилоотиву иртиботии интернетӣ дар соҳаи соҳибкорӣ;
  • ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши соҳибкорӣ;
  • дастгирии давлатии соҳаи соҳибкорӣ;
  • танзими давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • масъалаҳои ҳуқуқии андозбандии соҳаи соҳибкорӣ;
  • имтиёзҳои андозбандӣ дар бахши соҳибкорӣ;
  • тартиби бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти соҳибкорӣ;
  • нақши реклама дар бахши соҳибкорӣ.

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД

Мақола ва ё фишурда (тезис) ба кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорат факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф(он) бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ замима шаванд.

Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.

Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. Doc

Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 15 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва магистрон) бошад.

Ҳаҷми фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 саҳифа бошад.

Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.

Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.

Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қисми болоии матн оварда мешаванд, масалан: Ҳамчуноне ки аз ҷониби И. С. Исмоналӣ ишора гардидааст, «чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…»1.

Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода мешавад.

Дар дохилӣ матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.

Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.

Барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матн (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.

Муҳлати қабули мақолаҳо то санаи 27.09.2025

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои 11 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бинои №11).

Телефон: +992 500 00 09 09; +992 900 07 88 93. Почтаи электронӣ: omavlonazarov@mail.ru