КОРБАРИИ САДОРАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУДИРОН

44

Дар вохӯрии навбатии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети филологияи тоҷик масъалаҳои мубрами фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки корбарии садорати факултети филологияи тоҷики донишгоҳ намунаи ибрат буда, нуқсонҳо дар самти фаъолияти кафедраҳо дида мешавад.

«Садорати факултет дар самтҳои илму таълим, тарбияву хоҷагӣ корро дуруст ба роҳ мемонад, аммо иҷроиши онҳо аз ҷониби масъулин дуруст ба роҳ монда намешавад. Масалан, назорати ҷиддии нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, маҷмӯи лексияҳо, ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, навиштани мақолаҳои илмии байналмилалӣ, ки бештар ба фаъолияти мудирони кафедраҳо вобаста аст, ҷараёнашон таҷдиди назар мехоҳанд»- афзуд, Ректори донишгоҳ.

Дар идомаи суханронӣ ба коллективи факултет, хусусан устодону муҳаққиқони ҷавон дастур дода шуд, ки дар самти баргузории чорабиниҳои илмию тарбиявӣ, аз қабили маҳфилҳои инфиродӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, ҳамоишҳои муштараки байналмилалӣ, маҳфилҳои шеъру суруд ва нашри мақолаҳои мубрами илмӣ бо забони хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Гуфта шуд, ки вақти он расидаат, сохторҳои таркибии факултет, аз ҷумла кумитаҳои иттифоқи касабаи устодон ва донишҷӯён, созмони ҷавонон ва шӯрои занон, бахшҳои таълиму тарбия, ҳамзамон, мудирони кафедраҳо фаъолияташонро дар факултет бознигарӣ намуда, аз пештара бештар дар рушди ояндаи соҳа саҳм гузоранд.