КУРСИ ОМӮЗИШӢ

588

Аз 5-ум то 21-ми ноябри соли ҷорӣ дар заминаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишӣ: «Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он омӯзгорон аз Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории шаҳр, Коллеҷи технологӣ ва иноватсионӣ ва Коллеҷи тиббӣ дар шаҳри Панҷакент иштирок намуданд. Дипломҳо ба иштирокчиён аз ҷониби масъулони Донишкадаи такмили ихтисос ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории ин гуна курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.