КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РЎЙИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ

31

Рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.

Сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар рушд ёфта, маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ баланд бардошта мешавад. Бо ин мақсад дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муасисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ тақдими дипломҳо аз руйи равияи “Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид. Дар курси мазкур омӯзгорон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар курс ҷалб карда шуданд. Дар курси мазкур омӯзгорони соҳибмактаб аз қабили профессор Мирзоева М., дотсент Мавлоназаров С., Сатторов А. ва Раҳмонов Ҷ. ба омӯзгорон дарс гузаштанд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин курсҳо пеш аз ҳама омода кардани барномасозон ва дигар мутахассисони зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозомӯзӣ кадрҳои баландихтисоси миллӣ мебошад.