КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ ИҚТИСОДӢ ДАР МТОК ХУҶАНД

168

Дар доираи нақшаи фаъолият дар соли 2024 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони МТОК курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи “иқтисодӣ” дар мувофиқа бо роҳбарони донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуда истодааст. Донишкада дар радифи курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ, ҳамчунин курсҳои такмили ихтисоси ғайритахассусиро низ баргузор менамояд. Айни ҳол дар пояи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон омӯгорони равияи иқтисодӣ аз Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ ва Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуда истодаанд. Дарсҳо ба муҳлати 30 рӯз ба нақша гирифта шудаанд.