КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯ

272

Курси такмили ихтисосро намояндагони муассисаҳои олии кишвар аз рӯйи равияи педагогика ва психология дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ хатм намуданд.

Бо мусоидати ректори донишгоҳ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи ҳарбӣ дар ДТИОМТОК курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи “Педагогика ва психология” аз 02.10.2023 то 20.10.2023 баргузор гардид.

Курси мазкур бо иштироки намояндагони муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи И.Аъзам, Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ, Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов доир гашта, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин курс пеш аз ҳама қавӣ гардонидани донишҳои психологӣ, мушкилоти мавҷудаи соҳа ва роҳҳои бартараф намудани психологияи педагогӣ, табодули афкор миёни иштирокчиёни курс замима мегузорад.