КВОТА – ИМТИЁЗ БА ТАҲСИЛ

2971

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

Фазои истиқлол дастовардҳои бузургро барои миллати тоҷик фароҳам сохт, ки яке аз онҳо ин квотаи Президентӣ аст.

Барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ соли 1997 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷудо карда шавад. Ва ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти кишварамон соҳиб шуда метавонанд. Ин ҳам бошад ба тариқи суҳбат (беимтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Нафароне ба он соҳиб мегардад, ки дониши хуб доранд.

Мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2001, №199 «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2005» аз қарорҳои минбаъдаи Президент нисбати ҷавонони тибқи квота дохилшаванда заминаи мустаҳкам гардид. Баъди ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3. 06.2005, №184 «Дар бораи квотаи президентии қабули ҷавонони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳои олӣ (беимтиҳон) барои солҳои 2006-2010» барои ҷавонони кишвар умедворкунанда буд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2010, №628 «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар давраи муҳимми соҳибистиқлолӣ заминаи давлатдории тоҷиконро як андоза неру бахшид. Ва ниҳоят қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.11.2015, №708 «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020») дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар зарурро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.

Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси худ ба минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, хусусан ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ВМКБ квотаи Президентро ҷорӣ намуд, ки бобати амалӣ гардидани он қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997 қабул гардид. Дар он рӯзгор касе тасаввур намекард, ки ин иқдоми Сарвари Давлат як таҳаввулоте дар рӯзгори мардуми кишвар мегардад. Теъдоди онҳое, ки аз ин имтиёзи Пешвои миллат истифода бурда соҳибтахассус гардиданд, аз даҳҳо ҳазор нафар гузашт. Бахусус, духтароне, ки соҳибмаълумот ҳастанд, дар оянда дар оилаву оиладорӣ ва тарбияи фарзанд муваффақ мегарданд. Маҳз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарони минтақаҳои дурдасти кишвар ҳаст, ки ҳамасола духтарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Дар давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд.

Ҳамчунин, барои таҳсили онҳо шароити хуб фароҳам карда шудааст. Духтароне, ки тибқи квота ба мактабҳои олии кишвар дохил шудаанд бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъминанд.

Ҳамасола раисони шаҳру ноҳияи кишварамон бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намуда, аз шарту шароит ва таҳсили онҳо огоҳ мегарданд.

Чунин вохӯриҳо барои ҳарчи беҳтару хубтар, дониш андӯхтану масъул шудани духтарон таъсири амиқ мегузорад. Зеро дар оянда барои соҳибкасб шудани онҳо дарҳо боз мегардад.

Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи мардуми тоҷик ҳеҷ як сарваре чунин имтиёзи бузургеро нисбати мардум накарда буд. Муҳимтар аз ҳама ин имтиёз нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонони деҳот аст. Ин самараи истиқлолият ва сулҳу ваҳдати бадастомада мебошад.

Нигина Сироҷова,

ассистенти кафедраи телевизион

ва радиошунавонӣ