ЛИБОСИ МИЛЛӢ

236

Раёсати Донишгоҳи миллӣ дар робита ба тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ миёни донишҷӯёну кормандон чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Бахши тарбияи донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М. дар самти корҳои тарбиявӣ, хусусан ташвиқи тарғиби либоси миллӣ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.

Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва фарорасии фасли зебои сол – баҳор вохӯрии муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ доир гардид. Дар вохӯрӣ роҷеъ ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдорандаи оину анъанаҳои миллӣ буда, либоси онҳо яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё ба ҳисоб меравад. Заминаи ин вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо чанде аз гулдухтарони донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, аз гӯшаҳои таърихии Осорхонаи донишгоҳ боздид намуд.

Дар робита ба ин масъала чанде пеш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аксияи таблиғотии «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз панҷоҳ нафар донишҷӯдухтари донишгоҳ иштирок намуда, аз ҷониби масъулон ҷиҳати муаррифӣ намудани либоси миллӣ баҳои баланд гирифтанд.