МАКТАБИ ВАҲДАТОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

204

Таҳти ин унвон имрӯз (25.06.2024) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назарияӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, устодону кормандон ва меҳмонон баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода доир гардид. Зимнан қайд шуд, ки раванди сулҳи тоҷикон воқеаи басо беназир ва омӯзанда аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он дар саросари ҷаҳон мавриди қабул ва омӯзиш қарор гирифт. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо сокинони Тоҷикистонро ба ҳам овард, балки он ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон мусоидат кард. Сулҳу ваҳдати тоҷикон собит намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро, зиддиятҳои иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмию миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст.

Дар чорабинии мазкур ходими давлатӣ, сиёсатмадор Ғайбулло Афзалов иштирок намуда, вобаста ба нақши Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Дар давоми ҳамоиш номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳ Назирӣ Латофат Қаҳор оид ба моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, барқароршавии сулҳ ва амнияту осоиш дар ҷумҳурӣ, зарурат ва ҳифзи сулҳу ваҳдати бо заҳматҳои зиёд бадастомада, нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар сарҷамъ ва ба ҳам овардани миллати тоҷик, таъмини якпорачагии сарзамини тоҷикон ибрози назар карда, зикр кард, ки маҳз ба шарофати он дар Тоҷикистон заминаҳои рушду пешрафт фароҳам омада, ҷумҳурӣ ба комёбиҳову дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Ҳамзамон, як қатор устодон, аз ҷумла Сироҷиддини Эмомалӣ ва Ализода Абдурашид дар бораи Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи он ибрози андеша, ҳамзамон, аз ашъори бузургони сухан шеърҳо қироат намуданд.