МАНБАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛ

233

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети журналистика нишасту вохӯриҳои судманд миёни устодону донишҷӯёни факултет роҳандозӣ мешавад. Имрӯз (16.03.2023) дар факултети мазкур мизи мудаввар таҳти унвони “Пиряхҳои Тоҷикистон – манбаи обҳои зулоли Осиёи Марказӣ”  бо иштироки муовини директори осорхона-мамнуъгоҳи ба номи А.Д.Поленови вилояти Тулаи Федератсияи Русия, номзади илмҳои иқтисодӣ Д.В. Грушевский доир гардид.

         Мавсуф дар ҷараёни ҳамоиш вобаста ба мушкилиҳои ҳифзи муҳити зист ва аҳамияти ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти экологӣ ибрози ақида намуд.

         Инчунин, дар чорабинии мазкур кормандони МД Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи КҲМЗ Н. Наҷмиддинов ва С. Файзуллоев иштирок намуда, дар бораи проблемаи ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки рӯзҳои 22-24 марти соли 2023 бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерландия дар шаҳри Ню-Йорки ИМА конфронси оби СММ баргузор мегардад, ки дар раёсати он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок менамоянд.

         Аз ҷониби Д.В.Грушевский барои рушд додани донишҳои соҳавии донишҷӯён-журналистон дар доираи лоиҳа ва фондҳои махсуси дар ин самт нигаронидашудаи Федератсияи Русия  аз осорхона-мамнуъгоҳи ба номи А.Д.Поленова дидан намоянд.

         Ҳамзамон, меҳмонони арҷманд ҳамроҳи устодону донишҷӯёни факултет аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.