Имрӯз (07.05.2026) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабии таҳти унвони «Масъалаҳои матншиносӣ дар замони Истиқлол» баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар оғози ҳамоиш декани факултети филолгия, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки матншиносӣ дар даврони Истиқлол боз ҳам рушду таҳаввул ёфтааст. Зикр шуд, ки дар ин самт саҳми мактаби илмии Аламхон Кучарзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон назаррас мебошад. Осори илмӣ ва таҳқиқоти арзишманди ӯ дар омӯзиш, таҳқиқ ва тасҳеҳи матнҳои классикӣ аҳаммияти махсус дошта, барои рушди илми филологияи тоҷик заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар идомаи ҳамоиш, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба нақши матншиносӣ дар ҳифзу муаррифии осори гаронбаҳои адабиёти тоҷик ибрози назар намуданд.
Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Аламхон Кучарзода ва масъалаҳои пажӯҳиши матнҳои навишторию гуфторӣ», ва «Андешаҳои дунявӣ дар “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ» пешниҳод гардиданд.












